Ҷаҳон

Калонтарин пироги себии ҷаҳонро дар Фаронса пухтанд

Пазандагони шаҳри Ламот-Бёврони Фаронса калонтарин пироги себӣ дар ҷаҳонро пухтанд. Дар ин бора радиои France Bleu хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки пироги “Торт Тотен” 308 кило вазн дорад. Барои тайёр кардани ин пирог 500 кило себ, 35 кило шакар ва 40 кило хамир сарф шудааст. Ин пирогро ба китоби рекордҳои Гиннес дохил хоҳанд кард. Нахустин пироги “Торт Торен” 120 сол пеш дар ресторани меҳмонхонаи хоҳарон – Тотенҳо пухта шуда буд. Пироги 308-килоӣ ба ҳамин муносибат омода карда шуд.Ин пирог чунин таърихча дорад: Стефани, яке аз хоҳарон – Тотенҳо аз себ ва шакар шириние мепухт. Дар ин ҳангом ӯ бо касе мулоқот мекунад ва зери ширинӣ каме месӯзад. Барои дубора пухтани пирог вақт набуд ва Стефани онро бо хамир мепечонад ва ба духовка барои пухтан мегузорад. Вақте, ки ширинӣ мепазад, онро ба назди меҳмонон мегузоранд. Пирог ба меҳмонон писанд меояд. Баъдан онро “Торт Тотен” ном мегузоранд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ