Варзиш

Ӯзбекистон дар ҷадвали ФИФА боз поинтар рафт


ФИФА ҷадвали ҷамоаҳои миллӣ дар моҳи сентябрро мунташир кард. Ҷамоаи миллии Ӯзбекистон, ки давраи муқаддимотии Ҷоми Ҷаҳон-2022-ро бо шикаст аз Фаластин оғоз кард, 4 палла поин рафт ва дар радаи 88-ум ҷойгир шуд.
Фаластин бо пирӯзӣ бар Ӯзбекистон аз паллаи 102 ба паллаи 101-ум гузашт. Ӯзбекистон дар миёни ҷамоаҳои миллии Осиё дар феҳрист 12-ум аст.
Ҷамоаи миллии Эрон дар феҳристи моҳи сентябри ФИФА дар паллаи 23-вум ҷойгир шуд ва ҳамон дар миёни кишварҳои Осиё нахустин аст.
Белгия, Фаронса ва Бразилия дар се паллаи болоии феҳристи ФИФА қарор доранд. Англия, Португалия, Уругвай, Испания, Хорватия, Колумбия ва Аргентина дохили даҳгонаи аввали феҳрист шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ