Ҷаҳон

Зайнулобиддин Бен Алӣ, раисҷумҳури собиқи Тунис даргузашт

Зайнулобиддин Бен Алӣ, раисҷумҳури собиқи Тунис дар синни 84 дар бемористони Арабистони Саъудӣ даргузашт. Ӯ муддати дароз аз бемории саратон ранҷ мекашид.Дар ин бора шабакаи телевизиони миллии Тунис хабар дод.Бар асоси додаҳои радиои Mosaique FM, пешвои собиқи Тунис се моҳи охирро дар шӯъбаи эҳёи бемористон паси сар кард.Мунир Бен Салҳа, вакили Зайнулобиддин Бен Алӣ рӯзи 12-уми сентябр дар бораи вазъияти бади саломатии ӯ ва ба бемористони шаҳри Ҷидда интиқол ёфтани вай хабар дода буд. Бен Салҳа рӯзи панҷшанбе марги пешвои собиқи Тунисро маълум кард.Зайнулобиддин Бен Алӣ аз соли 1987 то 2011 раисҷумҳури Тунис буд. Моҳи январи соли 2011 дар натиҷаи “инқилоби ёсуманӣ” ӯро аз раисҷумҳурӣ барканор карданд. Бен Алӣ Тунисро тарк кард ва дар Арабистони Саъудӣ қарор ёфт. манбаъ: ТАСС
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ