Ӯзбекистон

Ширкати Русия барои метрои Тошканд 5 поезди нав фиристод

Ширкати “Трансмашхолдинг”-и Русия барои метрои Тошканд 5 поезди нави модели 81-765.5/766.5/767.5 фиристод. Дар ин бора сайти “Трансмашхолдинг” хабар додааст.Дар маросими фиристодани поездҳо Ботирҷон Асадов, сафири Ӯзбекистон дар Русия, Ойбек Худойқулов, раиси ширкати “Метрополитени Тошканд” ва Борис Богатирев, мудири кулли ширкати “Трансмашхолдинг” ширкат карданд.Шартномаи хариду фурӯши поездҳо дар миёни “Трансмашхолдинг” ва “Метрополитени Тошканд” соли гузашта имзо шуда буд. Ҳар як поезд 4 вагон дорад. Муҳлати истифодаи вагонҳо 30 сол аст.Ширкати Русия дар ин муддат поездҳоро бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин хоҳад кард.“Метрополитени Тошканд” бо “Трансмашхолдинг” солҳои дароз ҳамкорӣ мекунад. Соли 1977 ин ширкат барои метрои Тошканд беш аз 20 поезд фиристода буд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ