Ӯзбекистон

Дар бораи пахтаи Ӯзбекистон ва харидорони он

Дар Тошканд нишасти матбуотии мансабдорони Инспексияи назорати маҷмӯи саноати кишоварзии назди Девони Вазирон баргузор шуд.Зоҳид Тошматов, раиси идораи сертификатдиҳӣ ба маҳсулоти пахтаи инспексия ба саволҳои хабарнигорон дар бораи пахтаи Ӯзбекистон посух дод.Ба гуфтаи Тошматов, Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои тавлидкунандаи пахта яке аз даҳ кишвари аввал ва аз рӯи сифати нахи пахта яке аз панҷ кишвари аввали ҷаҳон аст.Ӯ таъкид кард, ки Чин харидори асосии пахтаи Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои хориҷӣ мебошад.Тошматов гуфт, “Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ харидорони асосии пахтаи Ӯзбекистон ба шумор мераванд. 90 дарсади пахтаро корхонаҳои маҳаллӣ харид мекунанд. Ҷумҳурии мардумии Чин харидори калонтарини хориҷӣ мебошад”. Ба гуфтаи вай, кишварҳое, ки пахтаи Ӯзбекистонро харид мекунанд, барои сифати пахта пули иловагӣ пардохт мекунанд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ