Фарҳанг

Ман қосиди хуршедам дар шоми надиданҳо…

Гулрухсор Сафиева аз зумраи шоирони маъруфу маҳбуб аст, ки ба туфайли ашъор номашон дар мамлакатҳое, ки ба забони форсӣ гуфтугӯ мекунанд ва ба шеъри форсиву тоҷикӣ эҳтиром доранд, маҳбубият дорад. Шоирест кӯлбораш пурбор – то ба имрӯз миқдори зиёди маҷмӯаҳои шеърии ӯ ба дасти хонандагон расидаанд, аз қабили «Бунафша» (1970); «Хонаи падар» (1973); «Шабдарав» (1975); «Афсонаи кўҳӣ» (1975); «Дунёи дил» (1977); «Ихлос» (1980); «Оташи суғд» (1981); «Гаҳвораи сабз» (1984); «Оинаи рўз» (1984); «Рўҳи Бохтар» (1987); «Зодрўзи дард» (1994); «Паймонаи ғазал» (2000); «Девони Ишқу Ашку Ханда» (2006); «Ҷовидона» (2009), «Чароғи сурхи танҳоӣ» (2017) ва чанд адади дигар, ки дар ватани шоир ва берун аз он ба табъ расидаанд. Гузашта аз ин, Гулрухсор Сафиева аз ҷумлаи аввалин занони романнавис дар минтақаи Осиёи Миёна дониста мешавад. Романҳояш «Занони Сабзбаҳор» (ё худ «Марзи номус», 1988); «Сакарот» (2010); маҷмӯаи ҳикоёти публитсистии «Зан ва ҷанг» бо услуби дилнишин офарида шудаанд.


Аммо маҳбубияту маъруфияти шоир бештар ба туфайли ашъори мондагори ӯянд. Чакомаҳои Гулрухсор ба забонҳои гуногуни дунё, минҷумла ба ӯзбекиву русиву англисӣ низ баргардонида шудаанд. Ӯ аз эҷодкорони ҷӯяндаи сермаҳсул ба ҳисоб рафта, намунаҳои дурахшони шеъри тоҷикиро офаридааст ва на танҳо мунаққидони тоҷикистонӣ, балки олимони адабиёт¬шиноси Эрону Афғонистон, Ӯзбекистону Русия низ ба омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти ин чакомасарои тоҷик таваҷҷӯҳ намудаанд ва тавоноии ӯро дар офаридани шеърҳои арзишманди ҳунарӣ эътироф кардаанд.
Осораш гуногунмавзӯю гуногуншаклу гуногунсабк ва дорои мазмунҳои баланд, ақидаҳои амиқи фалсафӣ ва пирояҳои зебои бадеӣ ҳастанд. Ишқ, тазодҳои зиндагӣ, Ватан, ғурбат, муаммоҳои миллӣ ва иҷтимоӣ, розҳои занона ва дигарҳо аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ашъ¬ори шоир мавқеи муҳим доранд. Аммо дар ҳама ҳолат мавзӯи Ватан, миллат, дарди ҷомеа муҳимтарин ҷиҳат дар ашъори Гулрухсор ҳастанд. Ва дар ҳама мавзӯе, ки ӯ ҳарф мезанад, эҳсосӣ ва мутафаккир мебошад. Ин ҳиссиёт гоҳо тунду шадид, вале амиқ аст, зеро шоир сатҳиву сарсарӣ сухан намегӯяд. Дарди шоиронаи ӯ пайвастагӣ бо дарди Ватан дорад ва шеъраш тифли рӯҳи исёнии ӯст:


Дуд аз сӯзи алав сар мезанад,
Нанг аз гарди Ватан сар мешавад.
Шеър тифли Рӯҳи исёнзода аст ,
Шоир аз дарди Ватан сар мешавад!


Дар ашъори Гулрухсор ғояҳои ватандӯстиву меҳанпар¬вари устувор аст. Меҳри кишвар, ифтихор аз сарзамин бо услуби хос баён гаштаанд. Гулрухсор ҳамчун чашмаҳои кӯҳӣ саршор аз эҳсоси зебост. Ситоиши паёпайи Ватан дар ашъори ӯ якранг боқӣ намонда, балки боиси инкишофи маҳорати эҷодии шоир гаштаанд. Ӯ фазилати меҳандӯстиро эҳтиром мекунад ва хонандаи шеъри худро низ даъват менамояд, ки сарсупурдаву ҷоннисори Ватан бошад. Вай тамоми ҳастии худро моли ватан медонад ва аз ин меболад. Ин маънӣ дар шеъри «Дунёи дил» баён шудааст:


Оташам, ишқам, умедам,
ҳарчӣ дорам моли туст, эй Ватан,
Ҳастӣ, ки ҳастӣ бароям хуррам аст
Бо диёре мисли ту ободу хушрӯю бузург
Аз барои зиндагӣ сад умри инсонӣ кам аст .


Ва ба қавли Гулрухсор танҳо ҳисси ватанпарварӣ кофӣ нест. Инсон бояд баробари ин матонат ва қудрати ҳифз ва обод кардани онро низ дошта бошад.
Ашъори ӯ ифодакунандаи муносибати пурэҳсоси як инсони зиндадилу масъулиятшинос ва ҳақҷӯ дар нисбати ҳодисаҳои замон буда, андешаҳои фалсафию иҷтимоии ӯ хеле амиқ ва моҳиятҷӯст.
Қаҳрамони шеъри шоира, ки як фарди худшинос аст, гоҳо дар миёни ҷамъият худро танҳо мебинад, бар зидди ноҷавонмардон ва зулматзадагон ба мубориза бармехезад ва аз адолати иҷтимоӣ сухан мегӯяд:


Ман арӯси бевамондаи қарни но ҷавонмардам,
Зи тахти баланди ғур ур, нотавони зӯр,
Ба сурати осмони ситоракуш , мезанам бӯсаи мушт,
Бар сияҳсӯзии Офтоб механдам .
Ман Гурдофариди ношинохтаи замонаам ,
Ки лаҷоми аспи саркаши ғур урамро,
Ба риши кӯсаи замона мебандам!
Чуҳ! Чуҳ! Чуҳ!

Девони Гулрухсор бо унвони «Девони Ишқу Ашку Ханда» маълум аст ва дар он намунаҳои ашъори ӯ аз маҷмӯаҳои мухталиф бо таҳрири худи муаллиф ба табъ расидаанд. Шеърҳое, ки дар девони шоира ҷамъ омадаанд, дар ҳудуди 916 адад дар шаклҳои сафеду ни¬моӣ(ё арӯзи озод), чортоиҳо, шаклҳои омехта, ғазал, маснавӣ, манзумаҳо, рубоиёт, дубайтӣ ва байт таркиб ёфтаанд. Пас аз нашри ин девон шоира имкони табъи дигар китобҳои чакомаҳояшро низ доштааст.
Имрӯзҳо дар адабиёти форсизабон таваҷҷӯҳ ба сабки бедилӣ зиёд шудааст ва аз ҳамин роҳ майл ба офарида¬ни тасвирҳои нав ба нав – ташбеҳ ва истиораҳои тоза афзудааст. Майли шоираро низ ба ин сабк метавон дар маҷмӯаҳои охирин, чунончи «Ҷовидона» ҳам мушоҳида кард. Дар шеъри «Ҷангу сулҳ» баъзе байтҳоро аз назар мегузаронем:


Ҷанг бо сулҳи ман намесозад,
Амни ман дар силоҳ зиндонист .
Бо ҳама шаҳпариву шаҳбозӣ
Дар парам санги роҳ зиндонист .
Дар гуноҳам савоб озод аст ,
Дар савобам гуноҳ зиндонист .


Гулрухсор дар тасвирсозӣ аз ташхис фаровон баҳра бурдааст. Аммо ташхис дар шеър бо тазоду муқобала ва муболиғаҳо омадааст. «Дар гуноҳ озод будани савоб» ва баръакс, «дар савоб зиндонӣ будани гуноҳ» тазоди ҳодисаҳои мавҳуму хаёлист. Шоира мегӯяд, ки баъзан ман хатову гуноҳҳое дорам, ки некиву савоб дар ниҳод доранд. Ва гоҳе савобҳое дорам, ки дар замири онҳо хатову гуноҳест. Мавриди тазаккур аст, ки дар ҷараё¬ни офаридани тасвирҳо ва мазмунҳои нави бадеъ аз парадоксҳо истифода мекунад ва дар ин боб маҳорати баланд дорад.


Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,

Ҳар лаҳза қимат аст , аз ман хабар бигир.

Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон ,

Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!

Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан , Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман . Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир!

ГУЛРУХСОР
Адабиётшиноси шинохта Алиасғари Шеърдӯст ҳан¬гоми тадқиқи шеъри Гулрухсор таъсири шеъри Бедилро дар масъалаи тасвирсозӣ зимнан гуфта мегузарад: «Дар осори хонум Гулрухсор ҳам тасвирсозӣ ба ёрии ташхис ҷои вижае дорад. Дилбастагии Гурухсор ба шеъри Бедил дар шеъри тасвиргаро бетаъсир набудааст.»
Тамоми ашъори шоира бо самимияти дилнишин гуфта шудаанд. Худи ӯ дар бораи шеърҳояш чунин изҳори андеша намудааст: «Шеър аслан беқарорист, беқарории руҳу ҷону имону чашму дил… Самимияти урёни гиряву хандаи тифлона маро умре мутаассир мекунад. Шеър бояд мисли хандаву гиряи тифлон самимиву дилрас бошад. Шеъри ман дарди нокомӣ ё шодии хушбахтист, бе фармони ин ду ҳолат қалам ба даст нагирифтаам.»
Маҳз ин ду ҳолати ба ҳам зид эҳсоси шоираро баран¬гехта, андешаҳояшро тагорӯ мекунанд, дили шоирро ба туғён, боли хаёлҳояшро ба парвоз дармеоранд ва бунёди романтикаи баланд, драматизми шадидро дар чакомаҳои ӯ шакл медиҳанд. Гулрухсор кӯшиш мена¬мояд, ки аз як шеър ба шеъри дигар суханҳояшро тоза кунад ва тасвирҳое, ки қаблан истифода кард, дар шеъри дигар ба кор набарад. Ин кор аз шоир заҳмати фаровон мехоҳад. Дар подоши ҳама заҳматҳо ин сухансарои қа¬видаст муваффақ ба офаридани ашъори ҷозибадору мондагор гаштааст. Ин ҷозиба ҳамоно сухани муассир аз дарди дили шоир аст, ки дар ниҳоди хонандааш шӯр меангезад ва ӯро ба зиндагӣ мехонад, зиндагие, ки дар он бо чашми ибратбин бояд нигарист. Ин ҷозиба дар шаҳомати ашъор ва ҳарорати гуфтораш, ки хуршед вом гирифтааст ҳувайдо мешавад:


Аз чашма биомӯзед оҳанги тапиданҳо,
Аз қатра биандӯзед фарҳанги дамиданҳо…
Эй зишттар аз ангишт , аз чашми зиёям пишт ,
Ман қосиди хуршедам дар шоми надиданҳо!

Дилшоди ФАРҲОДЗОД, Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ