Ӯзбекистон

Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар нимаи аввали сол аз Русия беш аз $2 миллиард фиристоданд

Бино ба додаҳои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони кории Ӯзбекистон дар ин кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 2 миллиард доллар ба ватан фиристоданд.Дар ин даври соли гузашта шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия 1,8 миллиард доллар фиристода буданд. Ӯзбекистон аз рӯи интиқоли пул аз Русия дар миёни кишварҳои ИДМ дар паллаи аввал ҷойгир аст. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон дар паллаҳои баъдӣ қарор доранд.Бар асоси маълумоти вазорати шуғл ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон, шаҳрвандони кишвар соли гузашта аз хориҷа ба ватан 5 миллиард доллар фиристодаанд. 4 миллиард доллари он аз Русия омадааст. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ