Ӯзбекистон

Шавкат Мирзиёев дар оғози соли 2020 ба Русия меравад

Рӯзи гузашта дар Тошканд мулоқоти намояндагони вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон ва ҳайъати намояндагони Русия таҳти раҳбарии Антон Силуанов, вазири молияи Русия барпо шуд.Дар ин бора ӮзА хабар дод.Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Русия дар оғози соли 2020 баррасӣ шуд.Илова бар ин, иҷрои тавофуқномаҳои имзошуда дар мулоқоти мақомҳои баландпояи ду кишвар, санадҳои густариши ҳамкории дуҷониба, таҳияи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Авруосиё табодули афкор карданд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ