Асосӣ

Ўзбекистон дар сафи аввали кишварҳои бехатар барои сайёҳони танҳо

Онлайн-сервиси Wegoplace, ки дар заминаи сайёҳӣ фаъолият мекунад, феҳристи кишварҳои бехатар барои сайёҳии якнафара – Solo Travel Safety Report 2019-ро эълон кард.Шоёни зикр аст, ки Ӯзбекистон дар миёни панҷ кишвари аввали ин феҳрист ҷой гирифт. Дар ин бора Азиз Абдуҳакимов, муъовини сарвазири Ӯзбекистон дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт.Мутахассисон барои таҳия кардани ин феҳрист дар миёни намояндагони 142 кишвар назарпурсӣ карданд. Ба онҳо дар бораи сатҳи бехатарии шаҳр дар шаб, боварӣ ба пулиси маҳаллӣ ва рӯбарӯ шудан бо ҳуҷум ё ғоратгарӣ саволҳо дода шуд. Дар натиҷаи назарпурӣ ва арзёбӣ Сингапур бо 97 имтиёз барои сайёҳони танҳо бехатартарин кишвар сабт шуд. Норвегия, Исландия ва Финландия ҳар кадом бо 93 имтиёз баъди Сингапур ҷой гирифтанд. Ӯзбекистон бо 91 имтиёз дар паллаи панҷум ҷой гирифт.Ҳонгконг, Шветсария, Канада, Индонезия ва Дания низ шомили даҳгонаи аввали феҳрист шуданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ