Ӯзбекистон

Дар Шаҳрисабз бизнес-форуми байналмилалӣ барпо мегардад

Шаҳрисабз рӯзҳои 27-28-уми сентябри соли ҷорӣ ба бизнес-форуми байналмилалӣ мезбонӣ мекунад. Дар ин нишаст тадбиркорони Русия, Белорус, Полша, Чехия, Корея, Чин, Болгария, Туркия ва Қазоқистон, ҳамчунин сафирони чанд кишвари хориҷӣ дар Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Ҳадаф аз баргузории форум болотар бурдани сатҳи ҳамкории тадбиркорони маҳаллӣ бо сармоягузорон, шиносоӣ бо салоҳияту имтиёзҳои сармоягузорӣ дар Қашқадарё мебошад. Дар нишасти дурӯза шартномаҳои зиёде ба имзо хоҳад расид ва барои беҳбуди самарбахшии инноватсияҳо тавсияҳо таҳия мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ