Ӯзбекистон

Рушди иқтисодиёт – кооператсияи саноатӣ ва маҳаллигардонии коркарди маҳсулот

Дирӯз дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Стеклопластик»-и ноҳияи Самарқанд семинари хонишӣ бахшида ба мавзӯи «Имко¬ниятҳои ривоҷдиҳии алоқаҳои кооператсия дар саноат ва маҳал¬лигардонии коркарди маҳсулот дар вилояти Самарқанд» шуда гузашт. Дар он ҷонишинҳои ҳокимони шаҳру ноҳияҳо оид ба ривоҷи саноат, сохтмони капиталӣ, коммуникатсия ва корҳои хоҷагии коммуналӣ, ходимони шӯъбаҳои иқтисодиёту саноат, мутасаддиёни соҳа ва журналистон иштирок карданд. Иштирок¬чиёни семинар пеш аз оғози тадбир бо намоишгоҳи маҳсулоте, ки дар ин ҷамъият истеҳсол карда мешаванд, шинос шуданд. Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов семинарро кушода, таъ¬кид кард, ки ба туфайли ривоҷдиҳии кооператсияи саноатӣ ва маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулот миқдори воридоти молу маҳсулот кам мегардад. Афсӯс, ки то ҳол бисёре аз тадбиркорони мо ба моҳияти ин масъала сарфаҳм нарафтаанд. Хариди таҷҳизоту маҳсулоти хориҷиро таҳлил карда, мувофиқи ин корбарӣ кардан мувофиқи мақсад аст. Ӯ дар баромади худ, инчунин, ташаккули лоиҳаҳои маҳалли¬гардонии ҳудудӣ ва барои дар амал ҷорӣ намудани онҳо ба роҳ мондани корҳои системавиро қайд кард. Дар семинар ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов, ёрдамчии ҳокими вилоят Н. Иброҳимов, сардори Садорати боҷ-хонаи вилоят Э. Салихов, ҷонишини сардори Сарсадорати Бонки марказии вилоят Ш. Сувонқулов, сардори шӯъбаи маҳаллигар¬донии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Заводи автомобилии Самарқанд» М. Эгамбердиев доир ба мавзӯи семинар маърӯза карданд. Қисми тақдимотии семинар дар заводи «JV MAN Auto-Ӯзбекистон»-и ноҳияи Ҷомбой гузашт. Дар ин ҷо барои ишти-рокчиён экскурсия ташкил карда шуд. Дар рафти тамошои сеху устохона ва лабораторияҳо ҷонишини директори завод оид ба коркарди маҳсулот Алишер Азимов ва мудири шӯъбаи коорди¬натсия ва банақшагирӣ Элёр Набиев оиди маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулот ба ҳозирон маълумот доданд. – Дар семинар иштирок карда, бисёр чизҳоро омӯхтем, – гуфт мудири шӯъбаи иқтисодиёт ва саноати ноҳияи Ҷомбой Шоҳрух Ҳасанов. – Ривоҷдиҳии кооператсия дар саноат ва маҳаллигар¬донии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи мо ҳам амалӣ мегарданд. Акнун барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои маҳаллигардонӣ боз бештар эътибор медиҳем.Б.ҶУМЪАЕВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ