Асосӣ

Ӯзбекистон дар чемпионати бокси ҳаваскорони ҷаҳон паллаи якумро касб кард

Рӯзҳои 7-21-умм сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия чемпионати бокси ҳаваскорони ҷаҳон баргузор шуд.Дар ин мусобиқа аз 79 кишвар 362 нафар муштзан ширкат карданд. Боиси хурсандист, ки намояндагони бокси Ӯзбекистон бо касби 5 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва як бронза дар радабандии умумӣ паллаи якумро дарёфт карданд.Шаҳобиддин Зоиров дар радаи вазни то 52 кило ва Миразизбек Мирзохалилов дар вазни то 57 кило бо касби медали тилло қаҳрамонони ҷаҳон шуданд. Дилшодбек Рӯзметов дар вазни то 81 медали нуқра дарёфт кард. Бобоусмон Ботуров дар вазни то 69 кило барандаи медали бронза шуд.Мезбонон, муштзанони Русия бо касби 3 медали тилло ва 1 бронза соҳиби паллаи дувум шуданд. Қазоқистон бо 1 тилло, 1 нуқра ва 4 бронза дар паллаи савум ҷойгир шуд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ