Варзиш

Дар Тошканд ҷашнвораи шоҳмоти Осиёи Марказӣ оғоз шуд

Дар пойтахти кишвар ҷашнвораи шоҳмоти Осиёи Марказӣ дар миёни писару духтарони то синни 20 оғоз шуд.Ширкати РосАтом, ФИДЕ ва ҳукумати Ӯзбекистон муштаракан ин ҷашнвораро роҳандозӣ карданд.Дар чорчӯби ҷашнвора 3-то мусобиқа баргузор мегардад. Мусобиқаи асосӣ чемпионати Осиёи Марказӣ дар миёни ҷавонони то синни 20 мебошад. Ҳамчунин, дар миёни донишомӯзони мактаб дар 3 гурӯҳ мсобиқаи шоҳмоти рапид ва семинари байналмилалии доварони ФИДЕ барпо хоҳад шуд.Дар мусобиқаҳо беш аз 200 нафар шоҳмотбоз аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ