Саломатӣ

Бо собун шустани меваҳо зарур аст?

Аксарият медонанд, ки пеш аз таом дастро бояд бо собун шуст. Аз ин маълум мешавад, ки танҳо об дастро тоза наме¬кардааст. Аммо, меваҷоту саб¬завот, сабзӣ, помидор, картош¬ка ва ҳатто олучаро бо собун шустан лозим будааст? Дар ин бора мутахассисон фикр баён нанамудаанд. Аммо биёед, ху¬дамон мулоҳиза меронем. Бо собун шустани меваю сабзавот зарур аст? Гап дар он, ки агар мева бо собун шуста шавад, майдаҳои он дар қабати мева мемонад ва хӯрдани мева ба¬рои саломатӣ чӣ хел таъсир ме¬расонад? Беҳтараш меваҳоро танҳо бо об шуста, агар лозим бошад, каме содаи хӯрокворӣ изофа намоед. Ин лоақал, ме¬ваҳоро аз микроби дастонатон ҳимоя мекунад. Мутахассисон якчанд роҳи хубтар шустани меваю сабза¬вотҳоро муайян намудаанд: Меваю сабзавотро бо оби ҷӯш нашӯед. Меваю сабзавотро бо оби сард шӯед. Меваю сабзавотро то вақти хӯрдану истифода намудан нашӯед. Дар оби кран шустани ме¬ваю сабзавот чиркро меро¬над. Аммо тадқиқотҳо ни¬шон медиҳанд, ки бо содаи хӯрокворӣ шустани меваю сабзавот заҳри доруҳои онҳоро ба тозагӣ аз байн мебарад. Баъд аз шустани хӯрокворӣ то панҷ дақиқа онро нахуш¬конед. Шустани меваю сабзавот якчанд сабаб дорад. Сабаби асосӣ чирки онҳост. Дуюм, вақ¬те ки меваро аз мағоза мехарем, мо намедонем, ки деҳқон он меваро чӣ хел доруҳо задааст ва оё асорати дору аз он раф¬тааст ё на. Ғайр аз ин, шустани меваҳо аз бемориҳо пешгирӣ мекунад. Мақсади асосии шу¬стани меваю сабзавот кам кар¬дани миқдори бактерияҳои он мебошад. Назар ба маълумотҳо, дар як сол дар дунё зиёда аз 48 миллион одам ба бемории дар¬ди шикам гирифтор мешавад.
Олимон рӯйхати меваю сабзавотеро эълон намудаанд, ки дар худ заҳри доруҳои зидди ҳашаротро зиёдтар нигоҳ ме¬доранд:
Қулфинай
Испаноқ
Карам
Себ
Ангур
Шафтолу
Олуболу
Нок
Помидор
Карафс
Картошка Ба шустани меваю сабзавоти ин рӯйхат, эътибори алоҳида бояд дод. Хусусан, ангур шустушӯи хосаро талаб менамояд. Таҳияи ҲАСАН.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ