Фарҳанг

Методҳои забономӯзӣ
аз анъанавӣ то ба кооперативӣ

Усулҳои анъанавие, ки муалли¬мон бо он ба мо забони англисиро ёд медоданд, аз хондан ва тарҷимаи ягон матни ношинос иборат буда, пас аз рӯйи матн ҷумласозию саволмонӣ мекардем. Дар забономӯзӣ амалҳои асосии зерин вуҷуд доранд.
  1. Гӯш кардан (ба аудио – ё видеокассета).
  2. Хондани калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо ва матн.
  3. Навиштани калимаҳо ва ибораҳои нави матн.
  4. Ҳарф задан бо якдигар дар гурӯҳ ё бо худи муаллим. Бояд гуфт, ки як гурӯҳ методологҳои амрикоӣ зери роҳбарии профессор Диана Ларсен – Фриман усули нави забономӯзиро дар мисоли забони англисӣ пешниҳод карданд, ки он усул омӯзиши кооперативӣ ном гирифта, дар тамоми дунё паҳн шуд. Омӯзиши кооперативӣ ба ҳамон маъно кооперативист, ки талабаҳо дар синф дар гурӯҳҳои хурди аз ҷиҳати дониш ва кобилият ба ҳам наздики иборат аз 6 то 12 кас забон меомӯзанд. Ва ин гурӯҳҳо боз аз ҷиҳати дониши забон ба 6 гурӯҳи дараҷаи донишашон гуногун тақсим мешаванд. Профессор Диана Ларсен – Фриман бо яке аз пайравонаш Ҷулия З. Ким соле дар маркази вилоятии забономӯзии Самарқанд ба мо – муаллимони мактаб, литсей ва коллеҷ маърӯза хонда, дарсҳои намунавӣ дода буданд. Чӣ тавре, ки Ҷулия З. Ким дар мақолааш «Омӯзиши кооперативӣ» менависад, «Машқҳое, ки барои омӯхтани забон тартиб дода шудаанд, аз контекстҳои гуно¬гун иборат буда, диққат ва эътибо¬ри талабагони синфро ба худ мека¬шанд. Усули кооперативӣ роҳест, ки забонро ба тарзи мулоқот меомӯзад, то ки талабагон бо истифода бурда тавонистани забон ба функсияҳои саҳеҳи забон соҳиб шаванд, яъне онҳо маълумот гирифта ва дода тавонанд, фикрҳоро баҳам дида, ҳиссиётҳои худро ифода кунанд. Ҳамон усули забономӯзӣ самара¬нок ба ҳисоб меравад, ки услубҳои омӯзиши гуногуни талабагонро дар бар гирад. Омӯзиши кооперативӣ яке аз усулҳое мебошад, ки муалли¬ми забони англисӣ аз он истифода мебарад». Яке аз асосгузорони омӯзиши усули кооперативӣ Диана Ларсен – Фриман дар китоби «Усулҳои за¬бономӯзӣ»-и худ 6 намуди усулҳои умумии дарсдиҳиро бо нақшаҳояш, бо луғату саволҳо ва машқҳояш шарҳ дода мегузарад. Дар даври мо аз магнитофон бисёртар истифода мебурданд. Ҳоло муаллимон исти¬фодаи компутер ва телевизорро афзалтар мебинанд. Усули якӯм. Усули аудио-лингвал. Дар ин усул омӯхтани за¬бон ҷараёне мебошад, ки талабагон аз он одатҳо пайдо мекунанд. Усули дуюм. Барои омӯхтани за¬бон ба ягон ҷамоае меравед, ки он усули ҷамоавӣ ном дорад. Усули саввум. Бо ҳаракатҳои ҷисмонӣ омӯхтани забон. Талабаҳо аввал видеокассетаро гӯш меку¬нанд, пас бо ҳаракатҳои ҷисмонӣ ба саволҳои муаллим ҷавоб медиҳанд. Усули чорум. Усули Суггесто¬педия. Суггестопедия маънои ягон таклифро дар педагогика татбиқ карда омӯхтанро дорад. Муаллифи ин усул методологи булғорӣ Георгий Лозанов мебошад. Муаллим дар ин усул ҳамаи чизу чораҳоро пешакӣ тайёр карда мемонад. Дар деворҳо плакату расмҳоро овехта, зертахтаи тиреза гулдонҳоро мемонад. Ҳатто, ки ягонто мусиқаро ҳам мешунаво¬над. Материалҳо гуногунанд. Тала¬баҳо дар навбати худ тасаввуроти эҷодиашонро намоиш медиҳанд. Усули панҷӯм. Хомӯшона ни¬шаста омӯхтани забон. Дар ин усул талабаҳо нисбат ба муаллим бисёр¬тар амалиёти забонро иҷро меку¬нанд. Усули шашӯм. Усули коммуни¬кативӣ, яъне талабаҳо бо якдигар ва ё бо муаллим мулоқот карда, за¬бон меомӯзанд. Мулоқот карданро бошад, ба воситаи мулоқот меомӯ¬занд. Усули шашӯм, ҳамон усули ко¬оперативист, ки мо дар боло онро батафсил тасвир кардем. Кадоме аз ин усулҳо ба шумо маъқул ояд, ҳамонро татбиқ кар¬дан гиред. Фақат дар миён як масъалаи хеле муҳиме пайдо мешавад. Ин масъала – масъалаи интихоби китобҳои дарсӣ барои гурӯҳҳо ме¬бошад. Шумо ҳамин хел китоби дар¬сиро интихоб кунед, ки он албатта ё аудио ё видеокассета дошта бошад. Ба воситаи техника забонро тезтар меомӯзед. Методологҳои ӯзбекистонӣ бо ҳамкорӣ ва машварати омӯзгоро¬ни британӣ барои синфҳои аз 5 то 9-уми мактабҳои миёна китоби дарсии хуберо таҳти унвони «Fly High» («Баланд парвоз кунед») чоп карданд.
Методологҳои амрикоӣ бо¬шанд, барои талабагони литсей¬ҳои академӣ, коллеҷҳо ва макта¬бҳои олӣ китобҳои дарсиеро чун «Breakthrough» (Рахнакунӣ), «Tuning in the USA» (Садоҳои ИМА ро гӯш карда истода), «Family Album, USA» (Албоми оилавӣ, ИМА) ва «World English» (Англисии ҷаҳонӣ) тартиб дода, чоп карданд, ки ҳамааш аудио ва видеокассетаҳо дорад. Кас онҳо¬ро гӯш кардаву дида, роҳат мекунаду забон меомӯзад. Ҳамдам НЕЪМАТОВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ