Ӯзбекистон

Нархи доллар дар бонкҳо то 9500 сӯм боло рафт


Бонкҳои Ӯзбекистон аз имрӯз, 23-уми сентябр 1 доллари ИМА-ро бар ивази 9 ҳазору 500 сӯм мефурӯшанд ва ба нархи 9 300-9 400 сӯм харид мекунанд.
Дар ин бора сайти kun.uz хабар медиҳад.
Нархи пули миллии ИМА дар биржа низ рӯ ба афзоиш аст. Рӯзи 20-уми сентябр дар пайи муъомилоти биржаи валютаи Ӯзбекистон 1 доллар баробар бо 9 ҳазору 441 сӯм шуд, ки ин аз нархи рӯзи 19-уми сентябр 12 сӯм қиматтар аст.
Ёдовар мешавем, ки Бонки марказии Ӯзбекистон рӯзи 16-уми сентябр нархи сӯм дар баробари валютаҳои хориҷиро муъайян карда буд. Бар асоси он, 1 доллари ИМА баробар бо 9 ҳазору 411 сӯм, яъне 16 сӯм қиматтар шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ