Ӯзбекистон

Дар Самарқанд марафони байналмилалӣ барпо мешавад

Рӯзҳои 1-3-уми ноябр дар Самарқанд марафони байналмилалии хайриявӣ барпо мегардад. Баргузории чунин марафони байналмилалии хайриявӣ дар Ӯзбекистон нахустин бор аст.Марафон бо се ҳадафи асосӣ барпо мегардад:
  1. Таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба муаммоҳои мавҷудияти шароит барои ногироён дар биноҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бурдан;
  2. Тарғиби зиндагии солим;
  3. Урф гардондани сайёҳии варзишӣ дар ӮзбекистонДар «Samarkand half marathon» ҳамзамон бо давандагони ҳирфаӣ давандагони ҳаваскор низ метавонанд ширкат кунанд. Ширкаткунандагон фосилаҳои 21 км, 10 км ва 2 километрро тай хоҳанд кард. Ғолибон бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд.Дар ду рӯзи аввали марафон тадбирҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ низ баргузор хоҳанд шуд. Дар рӯзи нахустин бо ҳузури коршиносони байналмилалӣ мизи гирд барпо мегардад. Мусобиқаҳои давидан ба фосилаҳои дур рӯзи 3-уми ноябр баргузор мешавад.Ширкаткунандагони марафон ҳамаи ҷойҳои қадимии шаҳрро тамошо хоҳанд дид. Марафон дар паҳлӯи майдони Регистон оғоз мегардад. Ширкати байналмилалии RussiaRunning барои дар сатҳи боло гузаштани марафон ба созмондиҳандагони тадбир кумаку маслиҳатҳои худро хоҳад дод.Ба гуфтаи Мадина Бадалова, намояндаи Бунёди рушди маданият ва санъат, дар давоми се рӯз намоишгоҳи осори наққошӣ роҳандозӣ мегардад.Илова бар ин, дар чорчӯби марафон бо ҳамкории ҷашнвораи филми Beat Films намоиши филмҳои мустанад барпо хоҳад шуд.Касоне, ки мехоҳанд дар марафон ширкат кунанд, метавонанд то рӯзи 20-уми октябр худро сабтином кунанд. Дар бораи марафон ва сатбином шудан дар он метавонед аз сайти http://samarkandhalfmarathon.uz/ маълумоти дақиқ пайдо кунед.
манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ