Ӯзбекистон

2-юми октябр лотореяи Грин-карта оғоз мешавад, акнун хоҳишмандон бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд


Муддати аризасупорӣ барои лотореяи Грин-карта эълом шуд. Лоторея рӯзи 2-юми октябр оғоз мешавад ва рӯзи 5-уми ноябр ба вақти Тошканд дар соати 22.00 поён меёбад.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии ИМА хабар дод.
Як шарти нави лотореяи имсолаи Грин-карта ин аст, ки довталабон бояд ба анкета серияи шиносномаи сайёҳиашонро низ дохил кунанд. Акнун шаҳрвандони Ӯзбекистон барои ширкат дар ин лоторея бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии ИМА аз довталабон дархост мекунад, ки барои аризасупорӣ ҳафтаи охирини муҳлати лотореяро мунтазир нашаванд, чунки, одатан дар рӯзҳои охирин ташриф ба сойти сабтином бисёр мегардад ва фаъолияти сойтро душвортар мекунад.
Натиҷаҳои лоторея, ки бо ёрии компютер бо интихоби тасодуфӣ муъайян мегардад, 5-уми майи соли оянда эълом хоҳад шуд. ИМА ин бор тавассути Грин-карта ба 55 ҳазор нафар визаи амрикоӣ хоҳад дод.

манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ