Ӯзбекистон

Дар донишгоҳи байналмилалии сайёҳии Самарқанд соли таҳсил оғоз шуд

Дар донишгоҳи байналмилалии “Роҳи Абрешим”-и (“Ипак йӯли”) Самарқанд, ки соли гузашта дар “Маркази ҷавонон” таъсис шуда буд, соли таҳсил оғоз шуд. Азиз Абдуҳакимов, муъовини сарвазири Ӯзбекистон ва ректори ин донишгоҳ дар маросими ифтитоҳи соли таҳсил ширкат кард. Абдуҳакимов дар суханронии худ гуфт, ки барои болобарии сатҳи ин донишгоҳ, ки соли гузашта бо қарори раисҷумҳури кишвар таъсис ёфт, корҳои зиёд амалӣ мегарданд.Таҳсил дар донишгоҳи байналмилалии «Роҳи абрешим» аз соли ҷорӣ дар системаи «double degree» роҳандозӣ шуд. Бар асоси он, донишҷӯён ду сол дар Самарқанд ва дар ду соли дигар дар давлате, ки бо донишгоҳ ҳамкорӣ мекунад, таҳсил хоҳанд кард.Ба гуфтаи кормандони донишгоҳ, 92 дарсади донишҷӯёни донишгоҳ баъди таҳсил дар муддати 6 моҳ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ