Ӯзбекистон

Гурӯҳи кории Созмони милал ба Шавкат Мирзиёев бо мукофот сарфароз кард

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон мукофоти гурӯҳи кории пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятии (ЮНИАТФ) Созмони милали муттаҳидро дарёфт кард.Бино ба хабари ҷунбиши “Юксалиш”, дар ҷаласаи 11-уми ЮНИАТФ, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябри соли гузашта дар Женева баргузор шуд, бо ҳадафи эътирофи нафароне, ки барои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ саҳму кӯшиш доранд, мукофоти махсус таъсис гардид.Моҳи феврали соли равон дар миёни чор тоифа муассисаҳо номинатсияҳо эълон шуд:Вазоратҳои тандурустӣ (ё муассисаҳои давлатии вобаста ба вазорати тандурустӣ);Вазоратҳои берун аз заминаи тандурустӣ (ё муассисаҳои давлатӣ);Ниҳодҳои нодавлатӣ (муассисаҳои нодавлатӣ, доираҳои илмӣ ё муассисаҳои хайриявӣ);Ҷамоаҳои мамлакатҳои СММ. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ