БУДУ ШУД — 83-Тин!


БАҲРОМ ФИРӮЗ

ҳикоя
Аз маҳаллаи навбунёд истиқоматгоҳ гирифтему бо хонаводаи Бобо-Амон ҳамсоя афтодем. Агарчи хонаи мо дар даҳлези ҳаштум ва хонаи панҷҳуҷраи бобо дар даҳлези панҷум воқеъ аст, мо ҳамсояҳои наздик мудом аз ҳоли якдигар бохабарем. Бобо монанди ҳамаи мӯйсафедон андаке сергаптар, вале ман одами пурсабрам — саргузаштҳои чандин бор аз даҳони пиракӣ шунидагиамро, агар боз ба гуфтан сар кунад, дандон ба дандон монда мешунавам, дилгир буданамро зоҳир намекунам.
Лекин вақтҳои охир пиракӣ аз ҳаддаш мегузарад: рӯзҳои шанбеву якшанбе агар ба хонааш меҳмоне ояд, палави хоса пухта маро ҷеғ задданаш кам набуд магар, баъзан рӯзҳои миёнҳафта ҳам безор мекунад; ба хастагиам нигоҳ накарда ба назди меҳмонҳояш меравам. Чӣ чора, агар дар рафтан андаке таъхир кунам, худи муйсафед ба хона меояду “Як нафас дароед, аз барои иззати меҳмон”, гӯён ба ҳолам намемонад.
Ана, ин бегоҳ ҳам аз кор хастаю бедимоғ омада аз дар дароям, ду бор хабар фиристода, мунтазир будани мӯйсафедро гуфтанд.
— Узр гӯй, аз кор хеле мондаю лакот омадам, — гӯён ба ҳамсарам супориш додаму сару либосамро иваз карда, тараддуди шустушӯ доштам, ки дари даромади хона оҳиста роғ шуду аз он ними сари писари кенҷаи бобо — Мақсудҷон намоён гашт.
— Ассалом. Амак, додом шуморо нигаронанд. Тез равед будаст.
Навҷавон инро гуфта-нагуфта сарашро аз дар берун кашиду ғайб зад. Фурсати маъзаратгӯӣ ҳам надод.
Ба ночор дигарбора сару либосамро пӯшидаму аз дар баромадам. Дар ин хел мавридҳо одам ҳарфе назанад ҳам, аз дилаш чиҳо гузаштанашро кӣ намедонад?! Дар назари баъзе касон зиёфатхурӣ як навъ фароғат аст, подоши бебаҳост, ҳадяест, ки инсон ҳаргиз онро рад намекунад. Аммо барои ман зиёфати бемаврид ҷазо аст, ранҷу заҳмати хеле тоқатшикан аст.
Дар сари дастархон Бобо-Амон бо ҷавонмарди ба тахмин сиюпанҷсолаи мӯяш пеш аз вақт мошу биринҷ ҳамсӯҳбат буд. Ҳарду ба истиқболи ман аз ҷо бархостанд.
— Э-э-э… Наҷунбед, наҷунбед! Безабт нашавед, — гӯё он ҳар ду ганҷею ҳамин замон мерехта бошанд, шитобон аввал дасти боборо гирифта вохӯрӣ кардаму сипас ба меҳмон даст додам ва сонияе ба таҳқиқ ӯро аз назар гузарондам. Ҷавони таҳсилкард, боадаб, аз рафтораш дилпур барин намуд. Ба асари захме, ки дар таҳи манаҳи ман буд, зеҳн монданашро пинҳон кунад ҳам, банда пай бурдам ва ба хулосае омадам, ки ӯ духтур аст. Чунон ки аз назди кӯҳнадӯз гузаред, вай аввал ба поятон чашм медӯзад, духтури ҳақиқиро аз як назар шинохтан мумкин аст.
— Ҳамсояи азиз, ин кас духтур, номашон Абдурашид… А-а, фамилияашон Саидуф, мешудагист-да? А? — Бобо бо табассум ба меҳмон рӯ оварду ба тасдиқи вай нигарон нашуда муаррифиашро идома дод: — Падарашон, раҳматӣ Саидҷони нонвой одами асил буданд. Ҷояшон ҷаннат шавад, марди ҳалол буданд. Мо дар як маҳалла калон шудем… Э, афсӯс, афсӯс… — мӯйсафед оҳе кашиду бо надомат сар ҷунбонд ва сонияе хомӯш гашт. — Ҳама рафтанд. Ваҳ, ваҳ, ваҳ…. — Вай ба таассуф сар ҷунбонду лаҳзае нигоҳаш ба нуқтае номаълум андармон гашт. Сипас аз қайди гузашта берун омаду ба мо рӯ овард: — Канӣ, ба нон нигаред. Ана, як пиёла чой, — мӯйсафед аз рӯи одаташ ба пиёла каме чой рехта ба ман дароз кард.
Чойро гирифтаму аз фурсат истифода карда бо меҳмон ҳолҷӯӣ намудам.
— Мулло, ман ба шумо гӯям, ана ҳамин кас духтур, — бобо аз нав лаҷоми суханро ба дасти худ гирифт. — Ҳамту духтур гуфтан кам аст… Рости гап, ман як умр ба духтур ихлос надоштам, аммо Абдурашид аз табибони қадими худамон намемонанд! Ҳа, илоҳо, умрашон дароз шаваду ҳаргиз рӯи камию костиро набинанд, роҳати фарзандонашонро дида, аз касбу корашон барака ёбанд, — дар байни сухан дуо кардан ба Бобо-Амон одат шудааст. — Ба шумо гуфта будам-ку, ба дастам як захми фалокат баромада, маро хуб ташвиш дод. Э-э, қиссаи саргардонии маро ҳеҷ напурсед!..

Бобо-Амон саргузашти борҳо ба ман гуфтагиашро боз ба гуфтан сар кард. Ҳарф ба ҳарф, майдатарин ҷузъиётро фаромӯш накарда ҳикоя кардани саргузашташ маро дилгир кунад ҳам, аз рӯи адаб ин ҳиссиёти худро зоҳир намекунам. Масалан, ба Ёвон бо чӣ хел автобус рафту чӣ гуна суроғ карда чойхонаро ёфт, иморати чойхона чӣ гуна буд, кати чӯбинаш чӣ тавр лиққос зада меҷунбид ва баъди чанд дақиқа ба назди вай чой оварда монданду чойник кафидагию ними нӯлаш паридагӣ, чойаш чӣ гуна камранг ва нонашон обгурехта ва ғайра ва ҳоказо… Ҳамаи ин ба кӣ даркор бошад, ҳеч намедонам.
Қисса кӯтоҳ, мухтасари воқеаи мегуфтагии бобо ин аст: соли гузашта ба дасти вай ҷароҳате мебарояд. Шабеҳи аксарияти пирамардони маҳалла бобо ҳам ба чойхона медарояду дар сари як чойник чой аз мӯйсафедони шиносаш маслиҳат мепурсад. “Давои ин барги зуф, — тавсия медиҳад яке. — Кӯфта бандед, ман дидам, шумо надидед, хуб мешавад, фақат барги зуфро аз ин ҷойҳо не, аз ягон марғзори пок гиред”, — маслиҳат медиҳад он шахс. Баъзеҳо ҷарғул ё забонбарраро “зуфтурун”ва “барги зуф” мегӯянд.
Бобо-Амон аз шаҳр баромада мераваду аз як марғзори хушалаф, ки ҳанӯз дос нарасида будаст, як халтача гиёҳи забонбарра чида меорад. Як ҳафтаи расо ба дасташ онро баста мегардад, вале ҳеч аломати шифоёбиро намебинад. Дар ин миён шиносонаш боз як олам маслиҳат медиҳанд. Аксарият мегӯянд, ки ба ҷароҳат қурбоққаро кафонда бандад. Гӯё чандин маризон бо ҳамин усул шифо ёфтаанд. Заҳри қурбоққа ба ҳар як захм дору будаст. Қурбоққаи шаҳру атрофи шаҳр барои доругӣ кор намеомадаст. Бинобар он, бобо ҳамроҳи писари кенҷааш Мақсудҷон ба соҳилҳои Кофарниҳон мераванд.
— Исқотро бо як азоби алим дукафон карда ба ҷароҳат мондаму сахт бастам. Э-э, қурбоққа дар дастам қариб бӯй гирифт, аммо ҳеч беҳбудӣ надидам, — ба муболиға ҳикоя мекард бобо. — Усто-Камол мегӯем, пештар дуредгари гулдаст буд, дар кандакорӣ устухон надошт. Сонитар этаҷсозӣ авҷ гирифту ҳунари вай аз равнақ монд. Ҳозир дар театр саҳнасозӣ мекунад. Ана, ҳамон усто-Камол гуфтанд, ки асали тозаи Ғарму зираи Дарвозро гирифта, аз ҳардуяш қиём тайёр мекунеду, ба ҷароҳат мебандед. “Ҳамин корро кунед, канӣ чӣ сир мебинед?! Асалу зираи бозори мо намешавад…” —гӯён таъин карданд.
Ин замон ҳамсари Бобои Амон Ҳикоят-холаи дандонтилло дар як табақи сафолӣ палав кашида оварду пирамардро саргарми гап дида, аз меҳмонон андаке хиҷолат кашид ва ба шавҳари сергапи худ маъломатомез гуфт:
— Ҳой, пиракӣ, камтар ақлу ҳушатонро ба ҷояш биёред, ҳамин гапро чандин бор ба ин касон гуфтед. Э, ҳамин ҳам гап шуд!.. Ба ҳар кас дарду алами худаш кифоя… Охир, шумо ҳам мӯйсафедони дигар барин як дам аз гӯру қиёмат гап занед, аз таърих, аз гузаштагон, ҳикоят кунед, аз уболу савоби дунё насиҳат…
— Э, мон-е! — даст афшонд пирамард. — Ман як ҷояшро нагуфтаам, ана, ҳамонро гуфтанӣ будам… — Худашро сафед кард бобои Амон. Баъд ба мо рӯ овард: — Канӣ, меҳмонҳои азиз, ба дастархон наздиктар шинед, равғанаш начакад. Бай-бай-бай, худаш ҳам палавхонтӯра шудаст-да! Ҳа, воқеан, байташ чӣ буд? — бобо ин бор ба ман рӯ овард.
— Ба нимрӯзӣ агар бошад бисоторо палав хонро…
— Ҳа-ҳа, ба нимрӯзӣ агар бошад бисоторо палавхонро… — мисраи дуюми шеър боз ба ёди пиракӣ нарасиду дасташ ба гӯштпоракунӣ банд ба рӯи ман хира шуд.
— Фурӯғи лангари ҳайрон кунад хуршеди тобонро! — хитоб кардам ман ва бобо филфавр онро онро аз сари шавқ такрор кард.
Ин дафъа “палавхон” — и ӯро ислоҳ накардам. Ҳар бор таъкид мекунам, ки “хон” ба маънии дастархон аст, аммо мӯйсафед боз онро ба палав нисбат медиҳад. Шояд,бобо бар асари пирӣ хеле фаромӯшхотир шудаст. Бале, гапи кори айёми бачагию ҷавонӣ, мӯ ба мӯ дар хотир, вале воқеаҳои солҳои охирро ба сахтӣ ба ёд меоварад. Хусусан, ки ҳамин як байт шеър ва номи як доруе, ки ин духтури ҷавон ба мӯйсафед навишта додааст, ҳеч дар ёдаш намеистад ва ӯ ҳар боре байтро аз ману номи доруро аз ҳамсараш мепурсад.
— Канӣ, ба ош нигаред! Ҳа, сар кардем! Гиред писарам… Ҳа, ҳамсоя… Табақи чинӣ шикасту бетабақ… Рӯзамон ба ҳамин сафол монд, — ошро хоида-хоида шарҳ дод бобо.
— Ҳеч гап не, дар сафол ош хӯрдан савоб мегӯянд, — гуфтам ман.

— Суханатон ҳақ асту рост, писарам. Ба савоби ин ҳеч чиз баробар намешавад.
— Албатта, агар табақи чинӣ ёфт нашавад, дар табақи чӯбин ош хӯрдан ҳам савоб, — ҳазломез сухан кард меҳмон.
— Косаю табақи чинӣ як даҳ сол боз нест шуд. Хайр, садқаи сар мегуфтем. Аммо чумаи чӯбин барои чӣ гум шуд-а?.. На дар даст меёбед, на дар дӯкон. Ё мегум ҳамин ҳам кори ягон душман будаст-чӣ? — Аз рӯи одати одамони солҳои аввали инқилоб бобои Амон ҳам сабаби ҳар як ҳодисаро ба душманони берунию дохилӣ ҳамл мекард ва услуби гуфтугӯи ҳамон давраҳоро ҳеч фаромӯш наменамуд.
Ман ба аломати намедонам китф дарҳам кашидам.
— Ба ҳамон усто-Камол фармудам, се-чорта чумча тарошида медиҳам гуфт, — суханашро идома дод бобо. — Чумчаи аллюмин кати мурам ҳам, хӯрок хӯрда наметавонам. Чумчаи чӯбин солҳои баъди ҷанг ҳам таҳи пою рӯи по буд-а! Тухмаша малах хӯрд ё зовудаш сӯхт…
Ҳар се “ҳа, гиред, ҳа, гиред” — гӯён як пайт ошхӯрӣ кардему андаке шастамон гашта буд, ки бобо моҷарои захмашро боз идома дод. Вай шитоб накарда, ошро лӯнда карда ба даҳонаш меандохту бафурҷа мехоид ва дар баробари ошхӯрӣ гоҳ ба яке, гоҳ ба дигаре нигариста, чунон сухан мегуфт, ки гӯё ягон даъвоеро ба мо тасдиқ мекунонда бошад.
— Хӯш, ки бошад, сонӣ ин гапро шунидаму як рӯзи шанбе, саҳар катӣ ношто кардам, либоси гарм пӯшидам, (тирамоҳрӯя буд), ба хонавода гуфтам, ки…
Агар ин саргузаштро аз забони Бобо-Амон айнан биоварам, метарсам, ки таноби сухан хеле дароз мешаваду хонандагони азиз дилгир мешаванд, бинобар он нақлаш ҷоиз аст. Хулласи гап ҳамин, ки мӯйсафед асали тозаю зираи холис кофта ба тарафи Ғарм меравад. Заҳмати зиёде кашида он давоҷотро ёфта меорад, вале аз он ҳам шифо намеёбад. Яке мегӯяд, ки ба ин ҷароҳат гӯшти кӯрмуш дору, дигаре талқин мекунад, ки пӯсти хорпуштакро канда гармогарм ба ҷароҳат бандад. Аз байни ҳамаи ин доруҳо, аз чӣ бошад, ки шифобахшии шири шутур ба бобо боварибахш менамояд. Ба қавли худи мӯйсафед ду-се одами корафтода ба вай инро маслиҳатро медиҳанд. “Пеши табиб нарав, пеши корафтода рав”, гӯён бобо сабаби бовариашро ба ин давоҷот асоснок мекард. Аҷаб не, ҳоло камёб будани шутур бештар боборо ба шифобахшии шири он водор карда бошад. Дар ҷустуҷӯи шири шутур ба Ёвон сафар кардани бобо, азобу роҳ, чанде хизмати шутурбонро адо намуданаш қиссаи дуру дарозест. Аз ҳама аламовараш ба бобо ҳамин буд, ки шутурбони нокас ӯро бовар кунондааст, ки аз шири шутур дида пешоби он бештар дору аст. Пирамард борҳо ба пешоби он ҳайвон даст шуста, ду шишаашро ба хона ҳам мебиёрад.
— Як соли дароз, ба шумо дурӯғ, ба Худо рост, аз ҳама кору бор мондам. Агар ба дард печед, ҳеҷ чиз ба чашматон наменамудаст — на кору бор, на хонаю зиндагӣ, — хулоса мебаровард бобои Амон. — Калон-калон ош гиред, Абдурашид, шумо ҳам ҳамсоя… Баъди инқилоб, ман ба шумоён гӯям, гап дар ҳамин ҷо монад, — овозашро пасттар карда аз боби дигар сухан сар кард бобои Амон, — инаш — бой, инаш — мулло гӯён хеле одамони асилро ҳам аз даст дода будем. Парерӯз дар чойхона аз хусуси як табиб ҳикоя карданд, ҳайрон мондам. Агар он табибҳо зинда мебуданд… Афсӯс, акнун ба нохунашон зор мешавему намеёбем.
— Қиссаи мор хӯрданатонро нагуфтед-ку? — ҳарчанд ки медонам бобо ин ҷузъи саргузашташро ҳаргиз фаромӯш намекунад, ӯро аз қайди хотироти нохуш берун овардан хостам.
— Ҳозир-ҳозир… Калон-калон, гӯшташ катӣ гиред… Бай-бай, аҷаб ош шудаст-да! — гуфт ӯ зоҳиран ба ҳамсараш шунавонда, ки дар хонаи дигар ҳамроҳи фарзандон буд. — Дастат дард набинад, занак! — гуфт вай бо овози баланд. — Худам таъриф накунам, аз шумоён садо намебарод, — сипас шарҳ дод: — Ошро хӯрда, ошпазро таъриф накунед, дилаш ганда мешавад.
— Оши болаззат, — гуфт меҳмон.
— Янгаам ошпази моҳир, — ман ҳам ҳамовозӣ кардам.
Бобои Амон қиссаи морхӯриашро баъди ошро хӯрдан, дар сари чойи сабз ҳикоя кард.

— Оқибат дорую дармони наозмуда намонд, гӯям, хато намешудагист. Як ошнои носфурӯш дорам… — Маънидорона ба ҳамдигар нигаристани ману меҳмонро пай бурду мӯйсафед бо табассум шарҳ дод: — Мегуфтагистед, ки ошноҳои ин одам ҳамааш бангию ҳангӣ будаст?! А? Не-е! — бо саволаш боз худаш ҷавоб дод. — Ин ошнои носфурӯш гуфтагем пештар, солҳои ҷанг, баъди ҷанг носфурушӣ мекард. Кайҳо аз баҳри ин касбу кор баромада бошад ҳам, номи носфурӯшӣ ба вай часпида монд. Агар Дӯсталӣ гӯед, ҳеч кас намедонад. Дӯсталии носфурӯш ба ҳама маълум. Ҳоло нигаҳбони анбори чӯбу тахта. Нафақа ҳам мегирад. Хӯш, ҳамон Дӯсталии носфурӯш як рӯз гуфт, ки як дору гӯям, мекунӣ? Гуфтам, ки тезтар гӯй, агар заҳр бошад ҳам мехӯрам, теғ бошад ҳам худамро ба он мезанам. “Давои ин дардат кӯрмор аст. Кӯрмор ёфта хӯр”. “Кӯрморро аз куҷо меёбанд?”, гӯям, гуфт: “Деҳқонҳо ба бозор меоянд-ку, аз ҳамонҳо суроғ кун. Сад сӯм медиҳам гӯӣ, баъзе одам кӯрмор як тараф истад, аждаҳоро дошта мебиёрад!”
Қисса кӯтоҳ, як марди ангурфурӯш як мори каланддаста баринро оварда медиҳаду ҳафтоду панҷ сӯми боборо мегирад. Пири аз дарду шиканҷа ба дод омадагӣ чору ночор, морро шӯрбо пухта мехӯрад. Боз беътаъсиру бенатиҷа. Пас аз ин бобо ба қисматаш тан медиҳаду дигар ба ҳеч кас аз бобати дардаш даҳон намекушояд.
Рӯзе аз рӯзҳо ба маҳаллаи қаблии худ ба таъзияи як нафар дӯсташ мераваду бо дасти ҷароҳатнок вохӯрӣ карданро ба худ эб надида, бо шиносҳо ба тарзи шифоҳӣ салом мекунад. Дарҳол шибир-шибир, дар байни ҳозирон пичир-пичир мешаваду хабари ҷароҳати дасти Бобои Амон ба гӯши духтур Абдурашид ҳам мерасад. Ҳангоми аз таъзияхона баромадан Абдурашид ба бобо ҳамроҳ мешаваду дар роҳ гӯё дар омади гап аз ҷароҳати дасти мӯйсафед пурсон мешавад ва кушода мебинаду ба рӯйи як пора коғаз номи доруеро навишта медиҳад.
— Ҳой, занак! — Садо дод Бобо-Амон. — Мақсудҷон, очаатро гӯй. — Баъди он ки ҳамсараш дар таҳи дар пайдо шуд, бобо таъинот дод: — Асбоби дорузаниро тайёр кун.
— Аҷаб мекунад!.. — гуфт зан бо алам хитобан ба шавҳараш. — Сад бор ба шумо гуфтам… Ош намефорад, нахӯред, духтур ҳам нахӯред гуфтагӣ…
— Э, занак, одам мурад ҳам, ошро хӯрда мурад-да! — бобо қоҳ-қоҳ зада хандид. — Устухони ман оши палав катӣ сахт шудагӣ бошад, ман чӣ кор кунам? Чӣ хел намехӯрдаам?! Солҳои қаҳтии ҷанг худамро ба теғу табар мезадам, ҷояш ояд нисфи нонамро мефурӯхтаму моҳе як бор палави равғанин мехӯрдам.
— Диабети қанд? — пурсид духтур ва ҷавоби тасдиқро гирифта, ба аломати таассуф сар ҷунбонд.
— Баъди он, ки аз доруи шумо шифо ёфтам, — ба духтур рӯ оварда бепарво ҳикояташро идома дод, — ба духтурҳо ихлосам баланд шуд. Касали қанд шудам, ба духтур рафтам, хӯш, ки бошад, ана, худам дорузаниро ёд гирифтам… Ҳа, воқеан, сари суханам чӣ буд?.. Ҳа-ҳа, оқибат ҷароҳати дастам аз чӣ шифо ёфт гӯед?.. Ҳой, занак, занак! — Бобо боз ҳамсарашро ҷеғ зад.
— Асбобатон тайёр. Боз чӣ мегӯед? — зан норозӣ дар таҳи дар пайдо шуд. Вай ҳоло ба бобо маломатомез менигарист.
— Э, ҳамон доруи 83 — тина чӣ ном дошт?
— Ким-чӣ золон буд, — ин бор номи доруро ҳамсари бобо ҳам ба хотир оварда натавонист.
— Ҳа-ҳа, золун, золун, — сухани ҳамсарашро тасдиқ кард мӯйсафед.
— Депрозолон, — духтур хандиду сухани онҳоро ислоҳ кард.
Ман аз ханда худдорӣ карда натавонистам. Бобо фаромӯш кард, ки духтури ҳамон доруро навишта додагӣ дар паҳлӯяш нишастааст. Пирамард аз рӯйи одаташ, дар ҳузури духтур ҳам беихтиёр номи доруро боз аз ҳамсараш пурсид.
— Ана, ҳамон золон-да, — 83-тин, 83 тин! Се бор молидам, ту дидӣ, ман надидам, ҷароҳат нест шуду рафт. Буду шуд — 83-тин-а! — Баъд гӯё розеро боз карда бошад, ғолибона ба рӯйи ману духтур нигариста гирифт. Мӯйсафед лаҳзае хомӯш монд ва баъд оҳиста ба оҳанги дигар гуфт: — Ин не, он не, дасти Абдурашидҷон сабук будаст, — вай бо нишони миннатдорӣ ба китфи духтур зад. — Илоҳо, дастатон дард набинад, хок гиред, зар шавад…
Бобои Амоне, ки ба қарибиҳо машғулияти одамонро бо илми тибб кори ҷиддӣ намеҳисобид, ҳоло писари дӯсти марҳумаш — духтур Абдурашидро ҷавони баркамол ва ҳунарманд мешумурд.
Соли 1979

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ