Ӯзбекистон

Дар Бухоро сохтусози нерӯгоҳи бодӣ ба арзиши $1,8 миллиард оғоз ёфт

Дар ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро сохтусози нерӯгоҳи бодӣ ба арзиши 1,8 миллиард доллар оғоз шуд. Рӯзи 22-уми сентябр дар майдони сохтусоз барои чен кардани суръати бод абзорҳои махсус – “мачтаҳо” насб шуд.Зарфияти нерӯгоҳи бодии Ғиҷдувон 1,5 ҳазор МВт хоҳад буд. Барои нерӯгоҳ 6 ҳазор ҳектор замин ҷудо карда шуд. Ин лоиҳа дар 3 марҳила амалӣ мегардад. Дар марҳилаи аввал стансияи 200 мегаватӣ сохта мешавад. Барои иҷрои лоиҳа 240 миллион доллар сармоягузорӣ ҷазб хоҳад шуд.Баландии мачтаҳо, ки суръати бодро чен мекунанд, 120 метр аст. Дар марҳилаи аввали лоиҳа даҳҳо мачта насб мешаванд, ки ҳар яке аз онҳо сетои паррак хоҳанд дошт. Дарозии ҳар як паррак 35 метр мебошад.Нерӯгоҳи бодӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии Lioaning Lide сохта мешавад. Соли 2020 нерӯгоҳ ба кор андохта мешавад. Нерӯгоҳ Ғиҷдувон ва чанд ноҳияҳои дигари Бухороро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ