Асосӣ

Сӯҳбати ширину гуворо

Дар идораи рӯзномаи мо вохӯрӣ бо Шоираи халқии Тоҷикистон, ҷоизадори чандин ташкилотҳои байналхалқӣ Гулрухсор Сафиева ва ҳамроҳони ӯ Умеда Давлатзодаву Иброҳим Дӯстализода ба амал омад. Шоира аз сафари Самарқанд хеле хурсанду мамнун гардид. Ӯ таъкид кард, ки Самарқанд ҷойи муқаддас асту ҳама орзуи тамошои ин шаҳрро доранд. Ҳамин бахти баланд баъди чандин солҳо боз ба ман насиб гардид. Аз тамошои дили Самарқанд – Регистон, мадрасаву мақбараҳо, мавзеи Даҳбед, бозсозиву ободониҳо ва ғайра таассуроти якумро гирифтам.
Дар рафти вохӯрӣ аз дӯстиву рафоқати байни халқҳо, адабиёти ин ду сарзамин, муносибатҳои муфиди тарафайн сухан рафт. Шеърҳо садо доданд.


Дар вохӯрӣ устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷ. Ҳамроев, Б. Хуррамова, Д. Ҳазратқулова, А. Воҳидов, шоиру нависан¬дагон Н. Каримзода, Б. Убайдуллоҳ, А. Истад, З. Ҳасанзода, Б. Ҷумъа иштирок доштанд ва мубодилаи афкор карданд.
(Мусоҳиба бо шоира дар шумораи оянда чоп хоҳад шуд)

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ