Ӯзбекистон

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рафт


Баҳодир Қурбонов, вазири мудофиаи Ӯзбекистон бо ҳайъати намояндагони кишвар рӯзи 25-уми сентябр ба Тоҷикистон рафт.
Дар ин бора kun.uz хабар додааст.
Дар даврони истиқлол ин нахустин сафари расмии вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон Дарозии аст.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон намояндагони Ӯзбекистонро дар ин сафари якрӯза дар Душанбе ҳамроҳӣ кард.
Гуфта мешавад, ки Қурбонов дар чорчӯби ин сафар аз бахши ҳавопаймоии донишгоҳи ҳарбии Тоҷикистон, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, боздид кард.
Ҳамчунин, вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Алишер Навоӣ дар Душанбе ва Музейи миллии Тоҷикистон низ ҳузур дошт.
Ёдовар мешавем, ки вазоратҳои мудофиаи ду кишвар соли гузашта дар Тоҷикистон ва имсол дар Ӯзбекистон размоишҳо баргузор карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ