Фарҳанг

Адабиёт хазинаи бузурги ахлоқист

Барои ба воя расонидани як инсо¬ни комил ҳамон қадар ранҷу машаққат лозим аст, ки баробари бунёди як шаҳр. Хушбахтона, баҳри тарбияи дурусти фарзанд мо ганҷинаи дастурҳое дорем, ки ин адабиёти қадимии мост. Мутафаккири бузурги асрҳои миё¬на Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфта буд: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ки дар вай ҳар чӣ бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муал¬лим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гу¬зорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ». Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи фарзанд дар баробари ин ки бар дӯши муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, масъулият ва вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ҳам ҳаст. Намояндаи барҷастаи адабиёти тоҷику форс Кайковус Гелоншоҳ ном писаре доштааст. Ӯ бо мақсади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани вай дар синни 63 – солагӣ ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи «Қобусно¬ма» машҳур аст. Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «шарти падарӣ», бо мақсади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии ҷаҳон ҷовидонӣ сабт намуд. Насри гузаштаи мо ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шо¬истаеро дорост. «Қобуснома» – и Унсур¬маолии Кайковус дар силки он дурдо¬наҳоест, ки зиёда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносоӣ пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд. Носири Хусрав дар таърихи адабиёт ва аҳли илму адаби Машриқзамин яке аз шоирону нависандагонест, ки дар давоми умри бобаракати худ бо назму наср асарҳои зиёде эҷод намудааст. Бавижа, асари «Саодатнома» – и ӯ аз беҳтарин осори тарбиявист, ки метавон сармашқи оиладорӣ намуд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» – и худ ба мавзӯъҳои панду ахлоқ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, рости¬ву ростгӯӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи Ватан ва муҳаббат аҳамияти бузург додааст. Танҳо «Шоҳнома» кофист, ки чандин насл ватанпарвару ватандӯст шаванд. Агар падару модар дар оила, омӯзгорон дар мактаб ва умуман, ҷамъият ба насли ҷавон дар баробари додани донишҳои илмӣ, инчунин, тарбияи нек диҳанд, ба мақсадҳои дар пеши худ гузоштаамон ҳамеша ноил шуда метавонем. Соҷида САИДҲАСАНОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ