Асосӣ

Низоме, ки ҳама бо хушну дӣ истиқбол гирифтанд
ва ё мардум ба тағйирот оиди танзими тӯю маъракаҳо чӣ гуна муносибат доранд?

Тӯй. Ин рӯзи шодмонӣ, шодкомӣ ва хушрӯзии ҳар як инсон аст. Ҳамаи мо орзую ҳавас мекунем. Мехоҳем фарзандони худро тӯй карда, ба мардум ош диҳем ва дуои неки халқро гирем. Барои ин тӯли солҳо маблағ ҷамъ мекунем, ғами хубу бошукӯҳ гузаронидани маросими худро мехӯрем. Мутаассифона, солҳои охир теъдоди зиёди шаҳрвандон барои гузаронидани тӯй, тантанаҳои оилавӣ ва ҷашнӣ, маърака ва маросимҳо, чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумҳо ба қарз меғӯтанд ва барои додани он худро ба ҳар дару кӯ мезананд. Оилаҳое, ки дар натиҷаи чунин амалҳои ношоям вайрон мешаванд, кам нестанд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чанде пеш қарори муштараки Шӯроҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб овардани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумҳо» тасдиқ гардид. Мо оиди аҳамияти ин низомнома муносибати чанде аз шаҳрвандонро меорем.


Гулчеҳра ҲАСАНОВА, мутахассиси кор бо занон ва мустаҳкам кардани суннатҳои маънавию ахлоқӣ дар оилаҳои ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Чашма»-и шаҳри Самарқанд:


Бояд гуфт, ки дар ҷамъомади умумии Маҷлиси Олӣ мавриди муҳокима қарор додани масъалаи мазкур аҳамияти алоҳида дорад. Солҳои охир дар гузаронидани тӯй, тантанаҳои оилавӣ ва ҷашнӣ, маърака ва маросимҳо, чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумҳо чун иллатҳое шӯҳратпарастӣ, худнамоӣ, ба инобат нагирифтани аҳволи иҷтимоии дигарон, исрофгарӣ, писанд накардани урфу одат ва анъанаҳои халқамон ба назар мерасанд. Пештар низ барои ба танзим овардани чорабиниҳои оилавӣ ко¬миссия таъсис дода, як қатор чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида буданд.
Аммо таҳлили омӯзиш, инчунин мулоқоти бевосита бо аҳолӣ, муроҷиатҳое, ки аз намояндагони ҷомеа мера¬санд, нишон дод, ки дар соҳаи мазкур то ҳол як қатор мушкилоту камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, баъ¬зе шаҳрвандон барои тӯю маросимҳои бодабдаба ба қарз ғӯтида, тӯли солҳо онро пардохт менамоянд. Тасдиқи низом дар ин самт қадами муҳим гардид. Аллакай мо ба мардуми маҳалла оиди мазмуну моҳияти низом маълумот додем. Қобили зикр аст, ки аксари шаҳрвандон ин ис¬лоҳотро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд ва гуфтанд, ки дер боз интизори тасдиқи чунин низомнома буданд.


Абдулло НУРАЛИЕВ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд:


– Ҳоло ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ муҳокима мегардад. Рӯзноманигорон ва вакилони ҷамоатӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунанд. Аксари онҳо ин ташаббусро дастгирӣ менамоянд. Ман ҳоло донишҷӯ ҳастам ва оиладор нашудаам. Ин хабарро шунида, бисёр хурсанд гардидам. Дар низомнома қайд гардидааст, ки дар тӯйҳои никоҳӣ барои ба ақди никоҳ рафтан, ба тӯйхона омадани келину домод автомашинаҳо набояд аз 3-то зиёд бошанд. Ин пешниҳод ба ман хеле маъқул шуд. Чунки аксари ҷавонон дар тӯяшон барои зиёд кардани адади мошинҳои замонавӣ мекӯшанд. Ин ҳолат дар ҳаракати нақлиёти роҳҳо як қатор муаммоҳоро ба миён меорад. Бисёр шунидаам ва шоҳид гардидаам, ки дар натиҷаи чунин бетартибиҳо садамаҳои нақлиётӣ сар задаанд. Дӯсту дугонаҳо ва ҳатто арӯсу домод осеб дидаанд. Ғайр аз ин, автомобилҳо аз тарафи дӯстони домод бо маблағи зиёд киро карда мешаванд. Агар нафаре аз ҳамсинфон саркашӣ кунад, худ аз худ дар байни дӯстон дилхирагӣ мешавад.


Шоҳида МАРДИЕВА, директори мактаби таълими умумии рақами 25-и ноҳияи Ҷомбой:

– Тӯли солҳои охир дар ин самт корҳои тарғиботии зиёд амалӣ гардиданд. Ғайр аз ин, мардум низ оҳиста-оҳиста ба камхарҷ гузаронидани маъра¬каҳои худ мекӯшанд. Чунки ак¬сарият пулро бо заҳмат ба даст меоранд ва имрӯз аллакай хуб медонанд, ки дар як рӯз ба ҳаво пош додани он нишо¬ни нодонист. Ин рафтори мардум аз он далолат медиҳад, ки сатҳи маънавияти онҳо боло меравад ва аз харҷи ми¬ёншикани беҳуда канораҷӯӣ мекунанд. Инчунин, минбаъд ба гузаронидани анъана ва маросимҳо чун «навкарони арӯс», «падарбинӣ», «домодталбон», «арӯсталбон» ва дар маросими дафн ва мотам ба баргузории маъракаҳои «ҳафт», «бист», «чил», «панҷшанбегӣ», «якшанбегӣ», «ид», оши сол» ва «тақсими пул» иҷозат дода намешудааст. Ин амалҳо низ танҳо барои беҳтар гардидани шароити рӯз¬гори мардум хизмат мекунад. Дар назорати ин масъала ҳокимияти маҳаллӣ, прокуратура, мақомоти корҳои до¬хилӣ, андоз ва идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ масъул таъин шудаанд. Ба фикри ман дар ин масъала назорати ҷамоатиро низ пурзӯр кунем, мувофиқи мақсад мешавад.


Нодира АЗИЗМУРОДОВА, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд:


– Пештар ҳар як инсон ба тӯю маъракаҳои худ чанд на¬фареро хоҳад, таклиф мекард. Гоҳо ба як тӯй то 600-700 нафар меҳмон даъват мешуданд. Вале, на ҳар як шаҳрванд чунин им¬кониятро дорад. Ин нобаробарии иҷтимоиро ба миён меоварад. Баъзе одамон аз қабили «ман аз ту зӯртар» кор бурда, қарз мегиранд ва тӯйи пурдабдаба мегузаронанд. Баъзе домодҳо аз тӯй ҳафта ё моҳе нагузашта, барои бар¬вақттар баргардондани қарз, наварӯсро гузошта, роҳи кишварҳои хориҷиро пеш мегиранд. Дар натиҷа меҳру муҳаббати байни онҳо коста мегардад ва ҳар гуна сару савдоҳо ба миён меоянд. Дар натиҷа як оилаи навбунёд вайрон мешавад. Ман ин ҳуҷҷати меъёриро хонда, хур¬санд гардидам. Дар ҳақиқат, одами бофарҳанг, соҳибмаъ¬навият ба чунин исрофкориҳои беҳуда роҳ намедиҳад. Ба ин ҳама нағмаю рафторҳо бештар одамони сабукандеш даст мезананд ва дигарон онҳоро пайгирӣ менамоянд. Нисбати чунин шахсон ифодаи обдори самарқандиён ҳаст, ки «баъди пешин бойшудагон» мегӯянд. Иҷрои талаботи низомнома комилан дар амал татбиқ гардад, худ аз худ одамон аз чунин «мусобиқа»-ҳои тӯйгузаронӣ даст мекашанд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД, Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ