Ӯзбекистон

Фестивали ҳунармандии миллӣ ва савдо оғоз ёфт

Дирӯз дар кӯчаи ба номи Ислом Каримови шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 16-уми марти соли 2018 «Дар бораи чораву тад¬бирҳои таъмини босуръат ривоҷдиҳии салоҳияти туризми вилояти Самарқанд дар солҳои 2018-2019» аз тарафи Кумитаи давлатии ривоҷдиҳии туризм ва ҳокимияти вилоят фестивал ташкил гардида, дар он аз вилоятҳои Самарқанд, Фарғона, Қашқа¬дарё ва шаҳри Тошканд бо маҳсулоти худ иштирок карданд. Ҷозибаи ба худ хос ва нотакрори кашидаҳои Самарқанд, чиниҳои Тошканд, адраси Фарғона ва ҷомаву нимчаҳои Шаҳрисабзро ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ бо шавқ тамошо карданд. – Агар Самарқанд бо меъмориҳои таърихӣ маро ба худ ҷалб карда бошад, ин фестивал боз ҳам ба ҳайрат овард, – гуфт сайёҳи россиягӣ Сергей Пономарев. – Дар ин ҷо бо ҳунармандии миллии халқ аз наздик шинос шудем. Ҳамааш бетакрор, ба кас завқ мебахшад. Шунида будам, ки дар шумо идҳои хосса бисёр аст. Хурсандам, ки имрӯз гувоҳи яке аз ин идҳо ҳастам. Дар фестивал маҳсулоти ҳунармандӣ, ба монанди кулолӣ, гилембофӣ, заргарӣ, кандакорӣ, сангтарошӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, наққошӣ ва ғайра, инчунин зиёда аз 50 намуди нонҳои Са¬марқанд намоиш дода шуд. Ҳунанамоии ҷамоаҳои фолклориву этнографӣ, барномаи консертӣ ба иштирокчиён таассуроти хуб бахшид. Инчунин, дар фестивал ярмаркаи маҳсулоти қаннодӣ ва кишти полизӣ ташкил карда шуд. Фестивал давом дорад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ