Асосӣ

Турнири ҷумҳуривӣ доир ба намуди фудокан каратэ-дои варзиш оғоз гардид


Ҳоло дар маҷмӯаи варзишии “Афросиёб”-и шаҳри Самарқанд бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ба муносибати 30 солагии рӯзнома ва Рӯзи муаллим ва мураббиён аз рӯи намуди фудокан каратэ-дои варзиш турнири ҷумҳуриявӣ оғоз гардид.


Дар тадбир, ки бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Маркази рушди Каратэ-дои анъанавии вилоят ташкил гардид, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Зарафшон” Ғ.Ҳасанов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Б.Раҳмонов ва дигарон оиди мақсади ташкили мусобиқа, аҳамияти он дар рушд ва оммавигардии намуди фудокан каратэ-дои варзиш ҳарф заданд ва кормандони соҳаро бо Рӯзи муаллим ва мураббиён табрик карда, ба иштирокдорон муваффақтият таманно намуданд.


Бояд гуфт, ки дар турнир варзишгарон аз тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ