Ӯзбекистон

Аз оғози сол беш аз 4,3 милион нафар сайёҳ ба Ӯзбекистон омаданд

Аз оғози соли ҷорӣ беш аз 4 миллиону 300 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварданд. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 27 дарсад афзоиш ёфт.Дар ин бора Абдулазиз Аққулов, раиси кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон маълум кард.Ба гуфтаи Аққулов, дар ин муддат ба сайёҳони хориҷӣ ба арзиши 854,5 миллион доллар хидмастрасонӣ карда шуд.Гуфта мешавад, ки то поёни соли равон шумори сайёҳон аз 6,5 миллион боло хоҳад рафт ва шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 1400 хоҳад расид.Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон тартиби визадиҳиро содасозӣ кардааст ва шаҳрвандони 77 кишвари ҷаҳон метавонанд барои ташриф ба Ӯзбекистон визаи электронӣ бигиранд.Раиси кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ гуфт, ки дар Ӯзбекистон беш аз 4 ҳазор осори таърихӣ, ҷойҳои фарҳангиву зиёратгоҳҳо дар феҳристи давлат сабт шудаанд. Сол то сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Хива, Қӯқанд ва Тошканд афзоиш меёбад. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ