Муносибат

Сайёҳон чиро танқид карданд?


Пости сарҳадии боҷхонаи «Ҷартеппа» ҳарвақта барин серодам. Меҳмонон барои зиёрати Самарқанд, ҳамдиёронамон бошад, барои хабаргирии хешу табор ба Тоҷикистон рафта меоянд. Сайёҳони хориҷӣ низ тавассут и пости боҷхонаи мазкур зуд-зуд ҳаракат мекунанд. Ба туфайли ҷорӣ гардидани сохтори соддагардонидаи назорати боҷхона, ходимони боҷхона автомашинаи сабукравро ҳам ба ҳисоби миёна дар 15-20 дақиқа аз назо рати боҷхона ва расминамо ӣ мегузаронанд. Аз ин сабаб , шаҳрвандони аз п ости боҷхона гузаранда ба ҳисоби миёна да р 7-9 дақиқа аз назорат гузашта истодаанд. Мусофирон низ аз ин мамнунанд. Мо бо як гурӯҳ сайёҳон сӯҳбат карда, ба таклифу хоҳишҳои онҳо гӯш андохтем.


Ҳендрик ҶОҲАНЕЗ, Британия кабир:
– Ман дар Лондон зиндагӣ мекунам. Ҳоло дар Африкаи ҷа¬нубӣ ҳамчун инженер фаъолият дорам. Ба Ӯзбекистон тавассути аэропорти байналхалқии Тошканд омадам. Аз назорати сарҳад ва боҷхона дар 20 дақиқа гузаштам. Пойтахти шуморо сайр ва музейи Амир Темурро тамошо кардам. Музей ба ман таассуроти калон гузошт. Лекин доир ба даври Темуриён ашё камтар будааст. Сипас, ба Самарқанди қадим ташриф овардем. Ёдгориҳои меъ¬мории шаҳрро тамошо карда, дар ҳайрат мондем. Дар ҳақиқат, Самарқанд шаҳри афсонавӣ будааст. Аз Самарқанд ба воситаи пости сарҳадии «Ҷартеппа» ба Тоҷикистон гузаштем. Имрӯз бошад боз ба Самарқанд гашта омадем.


Кифер УЛРИКЕ, Германия:
– Ба инженер будани касбам нигоҳ накарда, ба таърих шавқ дорам. Ба Ӯзбекистон бори дуввум омадам. Ба урфу одат, таомҳои миллии халқи Ӯзбекистон бефарқ нестам. Дар мамлакататон барои рушди соҳаи туризм бисёр корҳо иҷро шудаанд. Масалан, дар аэропорт ва постҳои сарҳадӣ, инчунин бонкҳо шохобчаҳои ивазкунии валютаи хориҷӣ гузоштаанд. Дар майдони Регистон хизматрасонии пулиси туризмро дидам ва худро озод ва бехавф ҳис намудам. Таклифи ман ин, ки хизматҳои таксиро беҳтар намудан лозим.


Даниэл КЕВИН НИКО, Германия:
– Ман донишҷӯям. Бистсола. Аз омадан ба мамлакати шумо хурсандам. Халқи Ӯзбекистон хеле меҳрубон будааст. Дар бораи шароити барои туризм бавуҷудоварда гап занем, камбудиҳо ҳастанд. Дар шумо сохтори интернет хуб кор намекардааст. Са¬марқанд шаҳрест, ки дунё эътироф намудааст. Тамошои шаҳри кӯҳна сазовори диққат, завқовар мебошад. Аммо баъзе кӯчаҳои шаҳр ноҳамворанд. Ин бошад барои ҳаракати мошинҳо душворӣ ба вуҷуд меорад. Ҷӯйборҳои атрофи бозор аз партовҳо пур буда¬анд. Аз он бӯйи бад паҳн мешавад. Боз як масъала ин, ки ҳангоми аз Самарқанд ба Бухоро рафтан сари роҳ ба ҳоҷатхона даромада, аз аҳволи он таассуф кардам.


Элеонор АРДИФФ, Арманистон:
– Дар Швейтсария муаллими забони англисӣ шуда кор мекунам. Як ҳафта боз дар Ӯзбекистон сайр карда гаштаам. Табиати диёратон ба ман хеле манзур шуд. Осмон кабуд. Ме¬ваҳо хушмазза. Ба таомҳо гап нест. Нархаш ҳам арзон. Лекин нархи чиптаи даромад ба тамошои ёдгориҳои меъморӣ барои сайёҳони хориҷӣ назар ба аҳолии маҳаллӣ қиматтар будааст. Ҳамин чиз бароям нофаҳмо буд.
Фикрҳои аз тарафи сайёҳони хориҷӣ гуфташударо ба назар гирифта, дар оянда камбудиҳо бартараф хоҳанд шуд. Мақсади мо якто: соҳаи туризмро ривоҷ дода, салоҳияти иқтисодии мам¬лакатамонро баланд бардоштан аст.
Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ