Ӯзбекистон

Мураббияҳои фидоӣ, хӯроки аз ҷиҳат и экологӣ тоза ва нақшаҳои нав

Солҳои охир ба тарбияи томактабии бачаҳо эътибори калон дода мешавад. Бо ин мақсад дар асоси нишондодҳои қарору фармонҳои Президенти мам¬лакатамон дар ноҳияи Самарқанд низ боғчаҳои нав ба кор даромада, дар муассисаҳои таълими томактабӣ ҳаҷми фарогирии хурдтаракон зиёд мегардад. Яке аз ин гуна муассисаҳои нав «Дилнура-Ангелина» аст, ки чанд моҳ пеш дар маҳаллаи Деҳнав ба кор сар кард. Дилафрӯз Қобилова, ки худ маълумоти олии таълими томактабӣ дорад ва солҳои дароз дар ин соҳа кор кардааст, бо аҳли оила ва хешу табор маслиҳат карда, ба бунёди боғчаи нав қарор дод. Дар асоси шарикии давлатӣ барои сохтани боғча аз бонк ба миқдори 2,1 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок гирифт. Сохтмони боғчаи дуқабата ба зиммаи бинокорони Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Бинокор-файз» афтод. Баробари бинокорон аҳли оилаи Ди¬лафрӯз Қобилова ҳам ба кор часпиданд. Дар муддати кӯтоҳ сохтмони боғча табъи дил ба охир расид. Рӯзи кушодашавии ботантанаи муассисаи таълими томактабии «Дилнура-Ангелина» ба пресс-тури журналистони вилоят ба ноҳия рост омад. Баъди кушодашавӣ саҳни боғча, хонаҳои машғулотгузаронӣ, бозӣ, маҳфилҳо, залҳои спортиву мусиқӣ ва ғайраҳоро дида, ҳатто ҳокими ноҳия ба чашмонаш бовар накард. – Ҳазор ташаккур ба шумо, ки боғчаро аз назардошти мо ҳам зеботар сохтед, – гӯён арзи миннатдорӣ намуд. Зеро баъди ба истифода супурдани ин муассиса 10 нафар занону духтарони маҳалла бо кори доимӣ таъмин шуданд. Баъди чор рӯзи маросими кушодашавӣ 15-уми майи соли 2019 муассисаи таълимии томактабии «Дилнура-Ангелина» ба кор сар кард ва 100 нафар хурдтараконро ба оғӯш гирифт. Масоҳати боғча ҳамагӣ 40 хол бошад, ки аз ҳар як ваҷаби замини он бо самара истифода мебаранд. «Гӯшаи зинда» ташкил карданд. Дар қитъаҳои алоҳидааш сабзавот парвариш менамоянд. Гармхонаи хурдакак бачаҳои боғчаро бо витаминҳо – кабудӣ ва сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин месозад. – Муассисаи таълими томактабии мо дар асоси шарикии давлатӣ – шахсӣ фаъолият мебарад, – гуфт ҳангоми сӯҳбат Дилафрӯз Қобилова. – Мо ба таълиму тарбияи кӯдакон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Бачаҳо ба чор гурӯҳи синнусолӣ ҷудо карда шудаанд. Мураббияҳоямон ҳама фидоиянд. Бар замми парваришу тарбия дар маҳфилҳои забони англисӣ, гимнастикаи бадеӣ, мусиқӣ ва шашкаву шоҳмот машғулот мегузаронанд. Агар зарурате пеш ояд, мо имкон дорем, ки аз соли нав боз ду гурӯҳи 15-нафарии тайёрӣ ба мактабро ҳам ташкил намоем. Б.ҶУМЪАЕВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ