Асосӣ

Ғолибони мусобиқаи варзишии ҷумҳурӣ муайян гардиданд

Имрӯз дар маҷмӯаи варзишии “Афросиёб”-и шаҳри Самарқанд бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ба муносибати 30-солагии ташкил гардидани рӯзнома ва Рӯзи муаллим ва мураббиён аз рӯи намуди фудокан каратэ-дои варзиш турнири ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.


Тадбир бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Маркази рушди Каратэ-дои анъанавии вилоят бо мақсади таъмини иҷрои яке аз панҷ ташаббуси муҳими аз тарафи сарвари давлатамон пешниҳодгардида, ки ба
фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти варзишии онҳо равона карда шудааст, ташкил карда шуд.


Нахуст ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Зарафшон” Ғ.Ҳасанов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Б.Раҳмонов ва дигарон оиди чорнбиниҳое, ки дар мамлакат бобати рушди соҳаи варзиш амалӣ мегарданд, мақсади ташкили мусобиқа, аҳамияти он дар рушд ва оммавигардонии намуди фудокан каратэ-дои варзиш, ҳарф заданд ва кормандони соҳаро бо Рӯзи муаллим ва мураббиён табрик карда, ба иштирокдорон муваффақият таманно намуданд.


Дар турнири ҷумҳуривӣ беш аз 300 нафар иштирокдорон аз рӯйи тоифаҳои синну соли 6-7, 8-9 ва 10-11 сола қувва озмуданд.

  • Мо барои иштирок дар мусобиқа аз вилояти Фарғона омадем, – гуфт мураббии варзиш, қаҳрамони чоркаратаи Ӯзбекистон Бегзод Набиҷонов – Дар мусобиқа се нафар шогирдам иштирок доранд. Онҳо борҳо дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ иштирок карда, як қатор муваффақиятҳоро ба даст овардаанд. Дар ин турнир бошад ҷои дуюмро ишғол кардем. Имрӯз бо баҳонаи турнир аз тамоми вилоятҳо каратэчиёни ҷавон ҷамъ омаданд. Худ шоҳид гардидам, ки аксари онҳо ба мусобиқа тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Бояд гуфт, ки ташкили чунин мусобиқаҳо барои такмили маҳорати каратечиёни ҷавон хизмат мекунад. Бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ташкил гардидани чунин мусобиқаи ҷумҳуриявиро ба таври алоҳида эътироф кунем меарзад. Ин ташаббуси аҳли таҳририят шоёни таҳсин мебошад.
    Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа варзишгарони вилояти Тошканд ҷойи якумро ба даст оварданд. Ҷойи дуввум ба каратечиёни вилояти Ҷиззах ва ҷойи сеюм ба ҷавонони вилояти Фарғонаву Республикаи Қароқалпоқ насиб кард.
  • Ғолиб ва иштирокдорони фаъол бо диплом ва тӯҳфаҳои махсуси рӯзномаи “Овози Самарқанд” мукофотонида шуданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ