Ӯзбекистон

Феҳристи беҳтарин смартфонҳо мунташир шуд

Нашрияи Business Insider феҳристи беҳтарин смартфонҳоро аз рӯзи нарху функсияҳои онҳо эълом кард.Смартфони чинии OnePlus 7T дар паллаи аввали феҳрист ҷой гирифт. Гуфта мешавад, ки ин смартфон аз рӯи самаранокӣ дар миёни телефонҳои мобилии Android беҳтарин аст. Дизайни зебо, камераи аълосифат ва сатҳи автономӣ ҷаззобии OnePlus 7T-ро бештар мекунад.Смартфони iPhone 11-и ширкати Apple паллаи дувумро дарёфт кард. iPhone 11 экрани 6,1-дюймӣ, просессори боқувват ва камераи босифат дорад.Модалеи 7 Pro-и OnePlus дар паллаи севум ҷойгир шуд. Ин смартфон низ камераи хушсифат дорад. Сенсори OnePlus 7 Pro чеҳра ва ради панҷаи соҳибашро бо суръати баланд мешиносад.Мутахассисон смартфонҳои Google – Pixel 3a ва Pixel 3a XL-ро дар паллаи чаҳорум ҷой доданд. Ин смартфон бо экрани OLED муҷаҳҳаз шудааст. Сатҳи автономии он низ хуб аст.Модели OnePlus 6T паллаи панҷумро дарёфт кард. Ин смартфон низ мисли дигар OnePlus-ҳо сатҳи баланди автономӣ дорад ва хеле зуд қувват мегирад.Ҳамчунин, моделҳои Samsung Galaxy S10e, iPhone XR, Samsung Galaxy Note 10 Plus, Samsung Galaxy S10 ва Galaxy S10 Plus, iPhone 11 Pro ва iPhone 11 Pro Max дар феҳристи беҳтарин смартфонҳо ҷойгир шуданд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ