Ӯзбекистон

Гап намезанам мегӯяму боз забонам мехорад…

Ба келинҳои имрӯза ҳайронам. Дору нӯшидану қабули сӯзандоруро дӯст медоранд. Ба дигар рафтору гуфторҳои нофорамашон сабру таҳаммул кардан мумкин. Лекин бисёр ба назди шифокорон рафтану доруҳои рангорангу навбаромадро «заказ» карда¬нашон одамро асабонӣ мекунад. Агар гуфтаашонро иҷро накунед, қавоқашон овезон мешаваду аз кунҷи хонаашон берун намебароянд. Баъд, писарам аз хо¬риҷа занг мезанад. Маҷбур чанд рӯз зидди хоҳишҳои занаш намебароям. Кӯдак дар батнакаш пайдо шуда-нашуда, «барои сиҳату солим ба дунё омадани кӯдак бояд витамин хӯрам» гӯён дар вақти ба кӯча рафтанам як варақ рӯйхати доруву хӯроквориҳоро медиҳад. Тавба кардам. Гап намезанам мегӯяму боз намешавад, забонам мехораду маҷбур лаҷоми суханро сар медиҳам: – «Ман дар вақташ чор нафар фарзандамро бе ягон доруву дармон ба дунё овардам. Шукри Худо ки ҳамаашон сиҳату саломат. То рӯзи ба таваллудхона рафтан тамоми корҳои нигоҳубини молу ҳол ва кишту корро иҷро мекардам. Танӯр – танӯр нон пухта, ҷомашӯйи аҳли оила ва падарарӯсу модарарӯ¬самро ба ҷо меовардам. Мурданивор кор мекардаму лекин ягон маротиба ба шавҳарам ё ба модарарӯсам аз чизе шикоят накардаам. Ба келин эроде гирам, ҷавобаш тайёр. – Ҳозир замон дигар, экология вайрон шудагӣ бийимуллоҷон. Майлаш дору набиёред, ихтиёратон. Агар ба ман ё кӯдакам ягон кору ҳоле шавад, худатон ба писаратон ҷавоб медиҳед!. Ман ҳам ягон коре шуда, ба балояш намонам гуф¬та, боз доруҳояшро оварда медиҳам. Азоби алиме кашида, худамон нахӯрдаву напӯ¬шида, пули контракти келинмуллоро супорида, шаш сол дар донишгоҳ хонондем, ки дар оянда кор карда, рӯзгорашро обод намояд. Афсӯс, ки орзуву ниятҳои ширинамон ҷомаи амал напӯшид. Келини эркаву азизамон кор карданро нахост. – Ман девона, ки худамро азоб дода, ҳам кори хонаву ҳам кори давлатро кунам. Шавҳар барои чӣ даркор? Вазифаи шавҳар ману фарзандонашро хӯрондану пӯшонидан аст, – гуфт бе ягон истиҳола. Аз ин гапҳову ба шавҳараш эркаву азиз кардани келинамро дида, нодону гаранг будани худамро ме¬фаҳмам. Хонаву ҷой, ояндаи фарзандонамро гуфта, ман баробари шавҳарам даву ғеҷ кардам. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҳам кори давлату ҳам корҳои рӯз¬горро иҷро намудам. Келинмуллои нозуки мо бошанд, аз рӯзи дар бат¬нашон пайдо шудани фарзанд ва баъд бо баҳонаи бачапоӣ корҳои рӯзгорро ҳам дуруст иҷро намекунад. Намедонам, бо ин хел келинҳо чӣ кардан даркор? Зудтар имораташ буд мешуду мекӯчид, намедидаму намесӯхтам. Маликаи БАХТИЁР дарди дили Нафисахоларо навишт.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ