Ӯзбекистон

Russia Open-2019: Варзишкорони Ўзбекистон 8 медал касб карданд

Рӯзҳои 28-29-уми сентябр дар шаҳри Маскав мусобиқаи байналмилалии таэквондо – “Russia Open-2019” баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 15 нафар таэквондокор аз Ӯзбекистон намояндагӣ карданд. Боиси ифтихор аст, ки 8 тан аз онҳо ҷоизадор шуданд.Дар ин бора маркази матбуъотии созмони таэквондои WT Ӯзбекистон хабар дод.Фирӯза Содиқова, Нигора Турсунқулова, Светлана Осипова, Ҷасурбек Ҷайсунов ва Никита Рафалович қаҳрамонони мусобиқа шуданд. Чарос Қаюмова ва Озода Собирҷонова танҳо дар рақобатҳои ниҳоӣ мағлуб шуданд ва барандаи медали нуқра шуданд. Мадинабону Маннопова медали бронза касб кард.Таэквондокорони Ӯзбекистон бо ин натиҷа бори дигар собит карданд, ки ин навъи варзиш дар кишвари мо бо суръати баланд рушд мекунад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ