Ӯзбекистон

Бонки Ҷаҳонӣ Ӯзбекистонро дар миёни 20 кишвари ислоҳотгар эътироф кард

Бонки Ҷаҳонӣ дар чорчӯби радабандии байналмилалии “Соҳибкорӣ” (“Doing business”) 20 кишвареро, ки дар соли гузашта барои содасозии соҳибкорӣ ислоҳҳои бештарро амалӣ карданд, эълом кард. Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон низ дар миёни ин 20 кишвари ислоҳгар ҷой гирифт.Бонки Ҷаҳонӣ ба хусус дар 5 замина ислоҳоти Ӯзбекистонро эътироф кард: пуштибонӣ аз сармоягузорони аққалиятӣ (миноритарӣ), содасозии системаи андозсупорӣ, таҳкими иҷрои шартномаҳо, навовариҳои тиҷорӣ, мустаҳкам кардани мавқеъи кумитаҳои ҳисобрасӣ (аудит) ва талабҳои нав барои узвшавӣ ба ташкилотҳои мустақили тиҷорӣ.Вазорати адлияи Ӯзбекистон ҳамаи муассисаҳоро, ки дар роҳи ислоҳи ин заминаҳо ширкат карданд, бо таваҷҷӯҳ ба эътирофи Бонки Ҷаҳонӣ табрик гуфт.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ