Ӯзбекистон

Дар оғози моҳи октябр дар Маскав “Ҳафтаи синамои Ӯзбекистон” баргузор мешавад

Рӯзҳои 1-5-уми октябр дар шаҳри Маскави Русия ҳафтаи синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар ин тадбир ҳамзамон бо намоиши филмҳои Ӯзбекистон дидори ҳунармандони синамои ду кишвар барномарезӣ шудааст.Ҳамчунин, дар ин ҳафта ожонси миллии “Ӯзбеккино” ва ширкатҳои филмсозии Русия дар бораи амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак санадҳои навро имзо хоҳанд кард.Илова бар ин, Ӯзбекистон мехоҳад дар бораи пешниҳоди филмҳои худ барои нигаҳдорӣ дар Бунёди давлатии синамои Русия ба тавофуқ расад.Дар ин ҷашнвора ҳамагӣ 14 филми коргардонони Ӯзбекистон ба ҳаводорони Русия тақдим мегардад. Дар оғоз филми “Нони гарм”-и (“Иссиқ нон”) коргардон Умид Ҳамдамов ба намоиш гузошта мешавад. Ин филм, ки ҷоизаи нахустини ҷашнвораи “Киношок”-ро дарёфт кардааст, нахустин бор аз Ӯзбекистон номзад ба мукофоти “Оскар” мебошад.

манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ