Асосӣ

Касби пуршараф

Омӯзгор шахсест, ки ба дасти мо қалам дода, асрори илму донишро омӯхт. Навозишкорона аз дастамон гирифта, ба ҳаёти мустақил тайёр намуд. Ба мо ростқавлӣ, ростгӯӣ ва ба роҳи рост рафтанро ёд дод. Мо хондаву навиштанро аз муаллимон омӯхтем. Омӯзгорӣ касби пуршараф ва пурмашаққат аст. Дар роҳи илму маърифат ва таълиму тарбияи насли наврас, меҳнати пурсамар менамояд. Беҳуда нест, ки аз тарафи раисҷумҳурамон Ш. Мирзиёев чандин нафар омӯзгорони пуртаҷриба мукофо¬тонида шуда, меҳнати арзандаи онҳо қадр мегардад. Маоши муаллимонро зиёд намуда, барои сермазмун гузаронидани ҳаёти ояндаи онҳо, шароитҳои васеъро фароҳам карда мешавад. Солҳои охир якчанд фармон ва қарору фармоишҳои Прези¬денти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Девони Вазирон, ки бевосита ба инкишофи соҳаи таълим ва тарбия нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, муаллимонро мояи одобу ахлоқ, меҳру садоқат, инсонигарӣ шуморем хато намешавад. Хизматҳои шоёне, ки муаллимон барои насли наврас мекунанд, бояд муносиб қадр ёбад. Маҳз муаллим моро ба роҳи ҳаёти мустақил роҳнамун кар¬да меҳри Ватан, вафодорӣ, илму донишандӯзӣ пурзӯр менамояд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ