Асосӣ

Бо дили соф ба синф медарояд

Рӯзи омӯзгорон идест, ки ҳар яки мо ба он вобастаем. Ҳамаи мо – имрӯзиҳо ё пешинаҳо шогирди муаллиме мебошем. Вале, чуноне ки аксар рӯй медиҳад, ба воя расида, соҳиби оилаву фарзанд шуда, мефаҳмем, ки барои дар чашмони мо дурахшидани шавқ, хурсандӣ, фаъолӣ ва иштиёқмандӣ устодон чӣ қадар вақту қувва сарф мекардаанд.
– Мактаб ин олами ба худ хос аст. Ва на танҳо маҷмӯи донишҳо, ҷустуҷӯйҳои ҳаррӯза ва кашфиётҳое, ки насли нав¬рас бо ёрии педагогҳо аз худ мекунад, балки ҳурмат нисбати атрофиён, одоби муошират, андӯхтани таҷрибаи амалӣ, ба воя расидан ва орзу кардан дар бо¬раи оянда низ мебошад, – гуфт Лола Нормамадова. – Ман аз бачагиам орзу мекардам, ки омӯзгор шавам. Бинобар ин, пас аз хатми мактаб дар факултети педагогика ва методикаи таълими иб¬тидоии Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифта, аз соли 1995 фаъолияти меҳнатии худро чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами 48 оғоз на¬мудам. Дар ин ҷо ду синфи ман таълими ибтидоиро ба охир расонд. Сипас, муд¬дате бо тарбияи кӯдакони худ машғул шудам. Дар давоми ин солҳо мактаб ҳеҷ гоҳ аз хаёлам дур нарафтааст. Ба ман бо бачаҳо кор кардан маъқул аст. Ба фикрам, омӯзгорӣ касби оддӣ нест. Чунки маҳз педагог дар шаклгирии шахсияти ҳар як хонандаи худ нақши муҳим дорад. Омӯзгорон бар дӯши худ масъулияти бузургеро мегиранд, пеш аз ҳама дар назди хонандагон. Ман хурсандам, ки дар интихоби касб хато накардам, вале ҳоло дар мактаби таълими умумии рақа¬ми 51-и шаҳри Самарқанд кор мекунам.
– Дарсҳои Лола Истамовна шавқовар ва аҷоибанд, – гуфт директори мактаб З. Каримова. – Ба фикрам, омӯзгор ба синф ҳамаи воқеаҳои нохушро фаромӯш карда, бо дили софу нияти нек ва бе ға¬раз дарояд, натиҷаи дилхоҳ ба даст ме¬орад.
Лола Истамовна ҳамин тавр мекунад. Вай одами ғайриоддӣ ва қобилиятнок аст. Шояд барои ҳамин бачаҳо муалли¬маи худро дӯст медоранд ва ба вай бовар мекунанд. Лола ҳамеша кӯшиш меку¬над, ки онҳоро фаҳмад, то ки хонандаҳо дарсҳоро маҷбуран не, бо меҳр хонанд. Чунки бачаҳо дурӯғро зуд ҳис мекунанд. Ҳоло Л. Нормамадова роҳбари синфи 8-уми «б» аст. Ғайр аз ин, ба маҳфилҳои бофандагӣ ва бо шабаи майда дӯхтан роҳбарӣ мекунад. Вай аз касби интихоб-кардааш худро хушбахт ҳис мекунад ва нақшаҳои бисёр дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ