Ӯзбекистон

Дар як моҳ газдуздӣ ба будҷаи давлатӣ беш аз $800 ҳазор зарар расонд

Дар моҳи сентябр истифодаи ноқонунии гази табиъӣ, яъне газдуздӣ ба будҷаи давлати кишвар 8 миллиард сӯм (848 ҳазор доллар) зарар расонд.Дар ин бора хабаргузории Подробо.uz ба нақл аз “Ӯзнефтегазинспексия” гузориш дод.Гуфта мешавад, ки моҳи гузашта тақрибан 7,7 миллион куб метр газ аз сӯи аҳолӣ дуздида шуд. Чанд ширкати вилояти Андиҷон дар сентябр то 400 ҳазор куб метр газро ба сурати ғайриқонунӣ истифода бурданд.Аз оғози сол дар кишвар 2250 мавриди газдуздӣ сабт шуд.Ёдовар мешавем, ки аз 15 -уми августи соли 2019 тарифҳои гази табиъӣ барои аҳолӣ 19 дарсад афзоиш ёфт. Нархи як кубометр гази табиъӣ дар сурати будани ҳисобкунаки газ 380 сӯм (0,04 доллар) аст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ