Ӯзбекистон

Ягон иншоот
бе ризогии соҳибаш вайрон карда намешавад

Бар асоси супориши роҳбари давлатамон, ки ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд дода буд, дар атрофи канали қаиқронӣ сохтмони маркази сайёҳӣ оғоз ёфт. Табиист, ки дар рафти ин кор эҳтимоли вайрон шудани баъзе ҷойҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ мавҷуд аст. Аксарият хабар доранд, ки аз ҳамин сабаб нофаҳмиҳои гуногун рӯй дода, ин масъала дар сохторҳои иҷтимоӣ ба тарзи гуногун равшан карда мешаванд. Аввало, бо мақсади норозӣ нашудани шаҳрван¬доне, ки ҷойҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқомати¬ашон вайрон карда мешаванд ва таъмини қонунии иҷрои корҳои ин самт, дар маҳаллаҳои Ҷӯисой ва Қӯштамғалӣ штаб ташкил гардид. Мутобиқгардо¬нии фаъолияти штаб дар зиммаи ҳокими ноҳия Н. Мавлонов аст. – Вақте ки сухан дар бораи розӣ кардани одамон меравад, ба масъалаҳои дигар ҷой намемонад, – гуфт Н. Мавлонов. – Дар даври гузашта дар ҳудуде, ки марказ бунёд мегардад, 74 манзили истиқоматӣ ва 11 объекти ғайриистиқоматӣ вайрон карда шуданд. Корхонаи нархгузории ҶММ «GRAND REAL PROFI» нархи бозории объектҳои мазкурро муайян кард. Бар асоси он барои ҳар як объекти вайроншуда товонпулӣ дода шуданд. Дар ҷараёни сохтмони объекти калон – Маркази сайёҳӣ ба норозӣ шудани ягон шаҳрванд роҳ дода намешавад. Хизмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Самарқанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ