Ӯзбекистон

Фардо дар пойтахт намоишгоҳи байналмилалии «Tashkent Book Fest» оғоз мегардад

Фардо, 2 октябр дар маҷмӯъаи “Ӯзэкспомарказ”-и шаҳри Тошканд намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии «Tashkent Book Fest» оғоз мешавад.Ожонси ахборот ва иртибототи оммавӣ бо чанд вазорату муассисаҳои давлатӣ ин тадбири байналмилалиро роҳандозӣ мекунанд.Дӯстдорони адабиёт дар намоишгоҳ бо китобҳои камёбу нав ошно мешаванд, дар тақдимоти китобҳои нав ширкат мекунанд ва бо нависандагон мулоқот мекунанд.Дар чорчӯби намоишгоҳ бо нависандагон, шоирон ва наққошон сӯҳбатҳои эҷодӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин, баргузории семинарҳо, тренингҳо ва озмунҳои махсус барномарезӣ шудааст.Намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии китоб барои табодули таҷруба ва афкор, такмили дониш барои мутахассисони кишварҳои гуногун имконот фароҳам хоҳад кард.Ёдовар мешавем, 27 сентябри соли ҷорӣ дар толори ҷаласаҳои Ожонси ахборот ва иртибототи оммавӣ нишасти хабарӣ дар бораи намоишгоҳи байналмилалии «Tashkent Book Fest» барпо шуд. Ташаббускорони намоишгоҳ дар ин нишаст эълон карданд, ки барои дар соли 2022 дарёфт кардани Тошканд унвони “Пойтахти ҷаҳонии китоб” ариза супурда мешавад.Ин намоишгоҳ низ яке аз корҳо дар ин замина мебошад. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ