Ӯзбекистон

Муаммои азнавкоркарди партов кай ба маром меояд?

Оё медонед, ки батареяи оддие, ки пас аз ба охир раси¬дани муддати кориаш ба роҳ, майсазор ё ки атрофи ҷӯйбор партофта мешавад, ба инсон дар давоми солҳо чӣ қадар хавф меорад? Дар интернет, воситаҳои ах¬бори умум дар ин бора бисёр бонг мезананд, вале маълумоти аз ҳамдигар хавфнокро шунида ҳам, муносибати ба экология доштаи мо, маданияти эколо¬гиамон ба тарафи мусбӣ тағйир наёфтааст. Аз ин сабаб, ҳифзи муҳи¬ти атроф, хусусан масъалаҳои азнавкоркарди партовҳо, му¬аммои безараргардонии онҳо, аз ҳарвақта аҳамияти пурдолу¬зарб касб мекунад. Агар имрӯз мо дар бораи ба насли оянда дар ҳолати софу беғубор расо¬нидани табиат ғам нахӯрем, фардо дер хоҳад шуд. Бахусус, ҷараёни инкишо¬фи имрӯзаи саноат мутаноси¬би байни инсон ва табиатро набояд аз чарх барорад, балки барои тоза нигоҳ доштани та¬биат ёрӣ расонад. Вақте сухан дар бораи азнавкоркарди пар¬товҳо меравад, боз як муаммо¬ро таъкид мекунам, ки ба он эъ¬тибор додани депутатҳои ҳизб зарур аст. Дар ҳудуди шаҳраки Хишрави шаҳри Самарқанд сохта нашудани заводи азнав¬коркарди партовҳо солҳо боз вазъи муаммои экологиро ваз¬нинтар мегардонад. Дар ин ҷо барои сохтани корхонаи бузург бо сарпарастии компанияи Франсия созиш баста шуда буд. Вале, мутаассифона, ҳамкорӣ дар амал исботи худро наёфт. Монанди ин дар ноҳияҳо низ барои ҷамъоварии пар¬товҳо замин ҷудо гардида¬аст. Аммо дар ин ҷо фақат бо корҳои сӯхтан ва гӯр кардани партовҳо машғуланд, ки муам¬моро сабук намекунад. Ин гуна аҳволро дар аксарияти гӯшаву канори мамлакат мебинем. Гу¬воҳи бепарвоӣ, хиёнаткорӣ дар назди табиат мегардем. Дар барномаи пеш аз инти¬хоботии ҳизб масъалаи мазкур, яъне аниқу равшан нишон дода шудани муаммои азнавкор¬карди партовҳо ва механизми иҷрову ҷавобгарӣ дар доираи қонун бояд қатъӣ нишон дода шавад. Имрӯзҳо бо роҳи ба кор¬хонаҳо ҷорӣ намудани ҷарима табиатро нигоҳ дошта намеша¬вад. То дар шаҳрвандон мадани¬яти экологӣ шакл нагирад, ба ҳеҷ чиз муяссар намегардем. Аз ин сабаб мехоҳам, ки ҳизб дар барномаи пеш аз интихо¬ботии худ ба чораву тадбирҳо ва роҳҳои ҳалли муаммоҳо эъ¬тибори алоҳида диҳад. Таъкид намудан бамаврид аст, ки барномаи пеш аз ин¬тихоботии ба муҳокима гузо¬шташуда бо фаро гирифтани масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамият¬нок аст. Муҳиба БОБОБЕКОВА, раиси шӯрои вилоятии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ