Ӯзбекистон

Шумораи нахустини рӯзнома чӣ тавр нашр шуда буд?

Соли оянда ба таъсису нашри шумораи нахустини рўзномаи «Овози Самарқанд» расо сӣ сол мешавад. Дафтари хотироти худро варақ мезанаму, орзуҳои самарқандиён барои бунёди рўзномаи вилоятии тоҷикӣ ва таърихи он пеши назар ҷилвагар мешаванд. Инак, ба муносибати тайёрӣ ва гузаронидани ҷашнвораи сисолагии рўзнома таърихи рўзномаи «Овози Самарқанд»-ро ва интишори шумораи аввалини онро навиштам. Баробари ҳамин, ёде аз таърихи талошҳо барои рушду камоли воситаҳои ахбори оммавии тоҷикӣ дар Самарқанд гуфтугузор кардан лозим дониста шуд. Таърихи бунёди нахустин рўзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ бо Самарқанд мар¬бут буда, ҳанўз дар нахустин рўзномаҳои ибтидои асри ХХ-и дар Самарқанд нашр¬шуда, аз қабили «Самарқанд», «Оина» мақола ва хабарҳои тоҷикӣ нашр мешу¬данд. Сонитар, низ нахустин ҳафтавори тоҷикии «Шўълаи инқилоб» соли 1919 бо саъю эҳтимоми донишманди мао¬рифпарвар Саидризо Ализода дар Са¬марқанд интишор ёфта, оғози нашри рўзномаи «Овози тоҷик» низ соли 1924 дар Самарқанд ба вуқўъ пайваста буд. Мунтазам чоп шудани ин нашрияҳо ва дар байни мардум нуфуз пайдо кар¬дани онҳо дар Самарқанд барои таъсис намудани рўзномаи тоҷикии вилоятӣ заминаи мусоид овард ва мо мунтазам барои таъсиси чунин рўзнома ба Маскав ва Тошканд муроҷиат мекардем. Дар ин кор аз равшанфикрони Са¬марқанд Арбобони хизматнишондодаи илми Ўзбекистон Раҳим Муқимов, Акбар Аҳтамов, Ботурхон Валихоҷаев, Карим Саидов, донишмандони маъруф Абду-салом Саидҷонов, Хуршед Самеъбоев, Насриддин Шарофов, Рауф Маъруфӣ, омўзгорон Тўрабек Искандарӣ, Соҳи¬ба Рамазонова, абидон Акбар Пирӯзӣ, Салим Кенҷа, Зоҳир Ҳасанзода корман-дони идораҳои ҳизб Акрам Худойқулов, Ҳоҷиқул Худойқулов, Носир Ёқубов, Нўъмон Маҳмудов, Муқимҷон Орифӣ, Латифҷон Раҳимов, равшанфикрони маърифатпеша Хуршед Маҳмудов, Ваҳоб Ҳакимов, Қутфиддин Сироҷқулов, Али¬шер Валиев, Ҳазратқул Ҳамроқулов, Ва¬фоқул Эшонқулов, Аҳмадҷон Ҳамдамзо¬да, Шамсии Саъдӣ ва боз чанде дигарон низ дар ин кор ҳисса мегузоштанд. Моҳи сентябри ҳамон сол хабаре омад, ки аз сари соли нави 1990 дар Самарқанд рўзномае ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. 7 октябри соли 1989 моро ба Кумитаи вилоятии ҳизб даъват карданд. Ҳамроҳи Акбар Пирўзӣ (шодравон) дар соати таъ¬иншуда ба он ҷой омадем. Гуфтанд, ки андаке мунтазир бояд шуд. Ҳоло Пленум рафта истодааст ва баъди он худи сар¬вари Ҷумҳурияти Ўзбекистон (он вақт Котиби Якуми Кумитаи Марказии ҳиз¬би коммунистии Ўзбекистон буд) Ис¬лом Каримов бо мо мулоқот мекунад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди Пленум Ислом Каримов бо ҳамроҳии котиби дуюми Комитети Марказии ҳизби ком¬мунистии Ўзбекистон Ефимов ва котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизб Пўлод Абдураҳмонов, ки ҳамон рўз ба ин вази¬фа таъин шуда буд, моро қабул карда, оиди муаммоҳои фарҳангию маърифии тоҷикони Самарқанд, ки мо дар мактуба¬мон навишта будем, мулоқот карданд ва гуфтанд, ки ҳамаи ин муаммоҳо пасу пеш ҳал мешаванд. Дар навбати аввал, нашри рўзнома ба миён гузошта шуд ва гуфтанд, ки ин масъала ҳоло омўхта шуда истода¬аст ва бояд мусбӣ ҳал шавад. Минбаъд мо доир ба муаммоҳои дигар ба роҳбари вилоят Пўлод Маҷидович Абдураҳмонов муроҷиат карданамон мумкин аст… Аслиддин ҚАМАРЗОДА, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ўзбекистон
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ