Ӯзбекистон

Ӯзбекистон ва Русия дар бораи заминларзаи соли 1966 дар Тошканд филм месозанд

Намояндагони синамои Русия ва Ӯзбекистон 5 ёддошти ҳамкориро имзо карданд.Дар ин бора ожонси миллии “Ӯзбеккино” хабар дод.Гуфта мешавад, ки Рубен Дишдишян ва Фирдавс Абдухолиқов, раҳбарони “Марс Медиа” (Русия) ва “Ӯзбеккино” дар мулоқот тавофуқ карданд, ки филмро дар Ӯзбекистон ба навор мебардоранд. Коргардон Юсуф Розиқов дар мусоҳиба бо ожонси ТАСС гуфт, ки ӯ бо Рауф Кубаев, коргардон ва филмноманавис мехоҳад навистани филмномаи “Тошканд-66”-ро оғоз кунад. Ин филм дар жанри драма таҳия хоҳад шуд.Розиқов гуфт, “Мо мехоҳем дар бораи ҷавониамон ва кӯдакиамон филм бардорем. Рух додани заминларзаи ваҳшатнок дар Тошканд даври ҷавонии мо буд. Мо мехоҳем, ки ҳодисаҳои рухдода ва дигаргуниҳои зиндагиамонро ба хотир оварем, на офатҳои табиъиро ”. Ҳамчунин, ожонсҳои “Megogo” ва “Ўзбеккино” ёддошти таҳияи филми “Хоҷа Насриддин”-ро имзо карданд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ