Ӯзбекистон

Марҳабо, ба ҳаракати экологӣ!

Рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории Садорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷойи вилоят, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” дар доираи аксияи “Ҳаётатро шукуфон кун!” ҳаракати экологӣ гузаронида мешавад.Тадбир соати 10:00 аз майдони Кӯксарой оғоз гардида, тавассути кӯчаҳои Хиёбони университет ва Хоҷа Аҳрори Валӣ то мадрасаи Нодир Девонбегӣ ташкил мегардад.Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ ташаккули маданияти экологии шаҳрвандон, ҳифзи табиати дилфиреби Самарқанд, кишти ниҳол ва гулҳои рангоранг мебошад. Ҳамаи Шуморо барои иштироки фаъол дар ҳаракати экологӣ даъват мекунем!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ