Ӯзбекистон

Аҳамияти омӯзиши мероси маънавӣ

Дар факултетҳои санъатшиносӣ ва таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар мавзӯи «Мавқеи мероси аҷдодон дар тарбияи авлоди баркамол» ва шинос намудан бо фаъолияти Маркази байналмилалии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ» тадбири маънавию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар тадбир вакилони маркази мазкур ва донишҷӯёни курсҳои аввали факултетҳои номгирифта иштирок карданд.
Дар тадбир сармушовири директори марказ, доктори фанҳои фалсафа, профессор Бахтиёр Тӯраев, роҳбари илмии шӯъбаи тадбирҳои динию маърифатии марказ, номзади фан, дотсент Очилбек Рустамов, ходими илмии ҳамин шӯъба Ҷонибек Ҷумъаев оиди фаъолияти имрӯзаи марказ, рукнҳои ислом, сивилизатсияи дини ислом, китоби муқаддас – Қуръони Карим, илми ҳадис, роҳи ҳаётии олими бузург, муҳаддис Имом Бухорӣ, аҳамияти омӯзиши дунёиву илмӣ барои ҷавонон, покизагии дини мусалмонӣ ва ғайра баромад карданд.
Баъд маърӯзачиён ба саволҳои ҷавонон посух доданд.
Дар поёни тадбир деканҳои факултетҳои санъатшиносӣ ва таълими томактабии ДДС Ҷ.Козимов ва Б.Ҳайдаров аз номи иштирокчиёни тадбир барои маърӯзаҳои шавқовар миннатдорӣ баён намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ