Ӯзбекистон

Ўзбекистон 15-уми октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳотиро ҷашн мегирад

Девони Вазирони Ӯзбекистон пешниҳоди вазорати кишоварзиро дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии занони деҳотӣ дар 15- уми октябр пуштибонӣ кард.Ҳукумат ба ташкилотҳои заминаи кишоварзӣ, Девони вазирони Ҷумҳурии Қорақалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳоро ӯҳдадор кард, ки 15-уми октябр ба муносибати Рӯзи байналилалии занони деҳотӣ тадбирҳоро роҳандозӣ кунанд.Рӯзи байналмилалии занони деҳотӣ бо қатъномаи Ассамблеяи умумии СММ рӯзи 18- уми декабри соли 2007 тасдиқ шудааст. Ин қатънома нақши муҳими занони деҳотиро, аз ҷумла, саҳми онҳоро дар таҳрик додани рушди кишоварзӣ ва деҳҳо, болобарии амнияти хӯрокворӣ ва аз байн бурдани бенавоӣ дар деҳҳо эътироф мекунад.Соли 1995 дар чаҳорумин анҷумани бонувони Созмони милали муттаҳид дар Пекин таҷлил кардани рӯзи бонувони деҳотӣ нахустин бор пешниҳод шуда буд.Бисёри кишварҳои ҷаҳон имрӯзҳо ин ҷашнро таҷлил мекунанд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ