Ӯзбекистон

Ҳусни хат

Дар синфҳои ибтидоӣ хонандагони хурдсолро ба ҳусни хат ёд додан пойдевори саводхонӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосӣ ба мактаббачагон баробари раво¬нии нутқи хаттӣ, тарбия кардани инсони комил, зебопараст ва ба вуҷуд овардани маҳорати хушнависӣ аст. Инчунин, ба талабагон қоидаи меҳнат кардан, вазифаро аниқ ва бо маданият иҷро намудан, ба хатоҳо роҳ надоданро дар назар дорад. Ба ғайр аз ин, чарх дода¬ни ақли мактаббачагон, васеъ намудани дониш оиди муҳити атроф, диди ахлоқӣ ва эстетикиро баланд бардошта, бошуу¬рона хондан ва малакаи навиштанро пай¬до кардан мебошад. Ҳамаи ин вазифаҳо дар амал якҷоя истифода бурда мешавад. Хати нозеби хунук ҳисси бемасъулиятиро ба вуҷуд меорад. Дар ҳаёти ҳаррӯза хати хоно ва зебову хушрӯй зарур аст. Хат воситаи муҳими алоқаи байни одамон барои фаҳмидани фикри якди¬гар роли калон мебозад. Ба воситаи хат таҷрибаи ҳаётии одамон аз авлод ба авлод мегузарад. Дар ҳаёти инсон навиштан роли муҳим мебозад. Ба синфҳои ибтидоӣ ҳус¬ни хатро ёд додан кори осон нест. Аммо дар муддати кӯтоҳ ба хонандагон хушрӯй, тез ва бехато навиштанро омӯзонидан зарур аст. Барои ёд додани хушнависӣ ба мактаббачагон аз рӯзҳои аввал сар карда, машқҳо гузаронидан зарур аст. Дар вақти навиштан ҳарфҳо бо як меъёр ва зебо навишта шаванд. М.ҶУМЪАЗОДА, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ