Ӯзбекистон

Пагоҳ дар шаҳри Самарқанд марафони куҳансолон гузаронида мешавад

Пагоҳ дар шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷамъиятӣ ва фаъолнокии иҷтимоии куҳансолон» дар доираи «Ҳафтаи куҳансолон» марафон гузаронида мешавад.Марафони куҳансолон соати 10:00 аз пеши ҳайкали Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов сар мешавад. Дар он иштироки солхӯрдагон, собиқадорони меҳнат, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ дар назар аст.Ҷавонони фаъол ва пешқадам низ бо пирамадру пиразанҳо ҳамроҳ ҳаракат мекунанд.Шумо ҳам метавонед дар марафони куҳансолон иштирок кунед!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ